Дар пайи баррасии муроҷиати як зани сокини ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшони Душанбе, аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки шавҳари ӯ – шаҳрванд Муқумов Эркинҷон Очилович, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, пайваста дар ҳолати сархушӣ ба хонааш омада, ҳамсари худро дашномҳои қабеҳ карда, шаъну шарафи ӯро дар назди дигар аъзоёни оила паст мезадааст.

1-уми сенятбри соли ҷорӣ ӯ дар ҳолати мастӣ ба хонааш омада, ҳамсарашро ҳатто дар назди фарзандон ва берун аз муҳити хонавода дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, бо чунин тартиб оромии шаҳрвандонро халалдор ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Чунин ҳолат мунтазам аз ҷониби гумонбаршуда ба вуқӯъ пайваста, ҳамсари худро озору уқубат медодааст.

Нисбати Муқумов Эркинҷон Очилович аз ҷониби кормандони милитсия бо моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суди ноҳияи Сино нисбати номбурда ҷазо дар намудаи ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь