Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ  99 ноболиғ 118 ҷиноят содир кардаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 41 ҷиноят зиёд аст.

Ҳамчунин, аз ҷониби ноболиғон 17 ҳолати хӯдкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати 6 моҳи соли гузашта 2 ҳолат зиёд мебошад.  Дар ин бора зимни нишасти хабарии Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки аз 99 нафаре, ки ҷиноят содир карданд 73 нафарашон хонандагони мактбаҳо буда, 26 каси дигараш таҳсил намекунанд. “Бештари ҷиноятҳои содиркардаи ноболиғон дуздӣ, авбошӣ ва дигар ҷиноятҳо мебошанд”, – хабар доданд дар нисшаст.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода гуфт, аксар вақт  ҷиноятҳое, ки ноболиғон содир мекунанд, берун аз вақти дарсӣ мебошад ва ин аз камаҳмиятии волидон аст. Раёсат ба ин масъала корбариро ҷиддӣ ба роҳ мондааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь