Дар ноҳияи Хуросон 128 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо 15 дарсадашон бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин буда, боқӣ 85 дарсади дигар аз оби тозаи нӯшиданӣ пурра маҳруманд. Дар ин бора Илҳом Аҳмадзода, раиси ноҳияи Хуросон, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ӯ гуфт, талош доранд, то марҳила ба марҳила сокинони ноҳияро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин созанд. Мушкили дастрасӣ надоштан ба оби тозаи ошомиданӣ солҳост, ки сокинони ин ноҳияро нигарон кардааст. Онҳо обро мехаранд ва дар фаслҳои баҳору зимистон бештар аз оби борону барф истифода мекунанд. Раисони собиқи Хуросон низ ваъда дода буданд, ки аҳолиро бо оби тоза таъмин мекунанд, аммо онро амалӣ накарданд.
Блоки рекламавӣ