1  октябри  соли  2022, дар  рӯзи  аввали маъракаи  даъвати  тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, дар саҳни Комиссариати ҳарбии  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  чорабинии   тантанавӣ   баргузор   гардид.

Дар ин  рӯз   аз  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия   70 ҷавони шуҷои Ватан  бо хоҳиши  худ  ба Комиссариати  ҳарбӣ ҳозир шуда  буданд.  Дар  оғози  чорабинӣ раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло  аз  дӯст доштани Ватан  ва  чун гавҳараки чашм муҳофизат  намудани он   сухан ронда,  иброз  дошт,  ки   хизмат дар   сафи   Қувваҳои   Мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   шараф  ва  номуси ҳар ҷавонмард ба  ҳисоб  меравад.

– Бо дастгирии бевоситаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  шароити  тамоми қисмҳои низомии ҷумҳурӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ буда,  баҳри хизмати ҷавонон ҳамаи имкониятҳои муфид фароҳам оварда шуданд, – афзуд  раиси ноҳия.

Дар чорабинӣ  ба наваскарон туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд. Инчунин ба 60 нафар даъватшаванда шаҳодатномаҳои ронандагӣ дода шуд.

Бо ташаббуси масъулини ҷамоати шаҳраки Балх  маҳз дар ҳамин рӯз маросими никоҳи як нафар даъватшавандаро баргузор карда, ба ин оилаи нав шаҳоданомаи ақди никоҳ дода шуд.

Дар охир  ҳунармандони бахши фарҳанг бо барномаи консертӣ, ки аз суруду таронаҳои ватандӯстона иборат буд,  хотири ҳозиринро болида гардониданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here