Аз 11 узви оилаи Солиевҳо, ки рузи 27 марти соли равон баъди истеъмоли занбуруғ заҳролуд шудаву 4 нафарашон фавтида буд, 7 нафари дигар шифо ёфтаву аз беморхона мураххас шуданд.
Муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Ҷурабой Саидов дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки 11 узви оилаи Солиевҳоро шаби 27-уми марти соли равон ба беморхонаи №2 ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён оварда буданд ва ҳамон шаб онҳоро ба беморхонаи вилоятии ба номи Буриӯӣ Воҳидов интиқол доданд ва баъди як руз дигарбора онҳоро ба беморхонаи №2 ҷамоати деҳоти Заргар бурданд.
– Як нафари онҳо дар ҳамин беморхона ва се нафари дигараш дар беморхонаи Бурӣ Воҳидов вафот карда, ҳафт нафар узви оилаи Солиевҳо шифо ёфтаву аз беморхонаи вилоятӣ рухсат шуданд, – илова кард ӯ.
Ин масъули Раёстаи тандурустӣ гуфт, аммо чаро онҳоро баъди бистарӣ кардан дар беморхонаи вилоятӣ дубора ба беморхонаи №2 ҷамоати Заргар баргардониданд, барои онҳо муаммост. Онҳо бо иҷозати кӣ беморонро аз беморхона бурданд? Ин суолест, ки ҳама интизори посуханд.
Иттилоъ дода шуд, ки баъди ин ҳодиса се нафар корманди бахши тандурустӣ, аз ҷумла, сурдухтури беморхонаи №2 ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён Идибек Боймуродзода, пизишки беморхона М. Шарипов ва мудири шуъбаи сироятии беморхонаи ”Қарияи боло” Шералиев аз вазифа сабукдӯш шуда, ҳоло Идибек Боймуродзода ва М. Шарипов боздошт шудаанд. Тафтишоти ин қазия идома дорад.