Бар асари боришоти шадид дар қаламрави куҳистонии кишвар хатари лағзиши тарма ва сангрезиш ба вуқӯъ омадааст. Вазъ дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Сангвор, Хоруғ-Ишкошим бештар хатарнок шудааст, огоҳ мекунад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ.

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ, Сангвор ва Лахш, аз километри 54 то 72-и роҳи мошингради Душанбе-Хуҷанд резиши санг ва лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.

15-уми феврали соли 2018 бар асари лағзиши тарма дар 69-километрии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аз қабати ғафси барф ҳафт нафарро берун кашиданд ва ҷонашонро аз хатари марг наҷот доданд. Ин ҳафт нафар савори ду мошин аз Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буданд.

Ҳамчунин, рӯзи 15-уми феврали соли равон, соати 18:10 дар наздикии Хоҷа Обигарми ҷамоати Варзоб-Қалъа мошини тамғаи “Хонда-Серви” ба чуқурии 420 метр рафт. Бар асари он чор нафар мусофир ва ронандаи мошин ба ҳалокат расиданд.  

Дар амалиёти ҷустуҷӯ наҷотдиҳадагони Раёсати хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва кормандони ВКД Тоҷикистон муштаракан ширкат карданд. Ҷасади 3 нафар пайдо шудааст ва ҷустуҷӯи шахси чорум идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь