Дар рӯзи дуюм ва сеюми Чемпионати ҷудои Осиё паҳлавонони Тоҷикистон ду медали нуқра ва ду медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки ҷоизаҳои Тоҷикистон дар умум 7 медал шуд.
Медалҳои нуқраро Сомон Маҳмадбеков бо Темур Раҳимов ва медалҳои биринҷиро Абубакр Шеров бо Ҷаҳонгир Маҷидов соҳиб шуданд.
Абубакр Шеров дар вазни 73 кг дар мубориза барои нишони биринҷӣ муқобили намояндаи Муғулистон Уранбаяр Одгерел пирӯзӣ ба даст овард. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг дар рақобат барои нишони биринҷӣ ватандорӣ ҷудо Каито Гринро мағлуб карда, соҳиби нишони биринҷӣ шуд.
Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) бо имтиёзи “юко” ноибқаҳрамони Осиё Нугзари Таталишвили аз АМА-ро шикаст дода, ба финал баромад. Дар финал Маҳмадбеков бо Ҷунван Лӣ аз Куриёи Ҷанубӣ мағлуб шуд ва медали нуқра гирифт.
Паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов дар рақобати финалӣ аз Сеунгйоб Ли аз Куриёи Ҷанубӣ бо се огоҳӣ мағлуб шуда, нишони нуқраро ба даст овард.
Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар ин мусобиқа соҳиби 7 медал – 5 биринҷӣ ва 2 нуқра, шуд, ки дар байни 30 кишвар дар ҷойи 7-ум аст.
Дар мусобиқаи даставӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳалаи аввал Туркманистон ва дар марҳилаи тассалобахш Чинро шикаст дод. Дар идома дар ниманиҳоӣ аз Узбекистон ва барои касби медали биринҷӣ аз Муғулистон шикаст хӯрд ва зинаи панҷумро соҳиб шуд.