Соли 2018 аз ҷонби кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон 5 парвандаи ҷиноятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 4 ҳолат оид ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад.

Сардори Раёсати гумруки вилояти Хатлон Зафар Маҳмадиев зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони ВАО гуфт, 4 шаҳрванди Ҷумҳурии Афғонистон мехостанд ба қаламрави кишвар 42 кг 100 гр маводи нашъаовари навъи ҳашиш, 7 кг 141 гр героин ва 1 кг 837,4 гр метамфетамин, ки дар маҷмуь 51 кг 085 граммро ташкил медиҳад, қочоқ кунанд.

Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки дар ин давра зиёда аз 131 тонна гӯшти мурғ, 48 тонна моҳӣ ва 28 тонна картошка бозпас гардонида шуд..

Зикр шуд, ки дар ин давра 409 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 5 ҳолати ҷиноят ва 404 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи гумрук мебошад.

Аз ин парвандаҳо 6 адад нисбати шахсони мансабдор, 70 адад шахсони ҳуқуқӣ ва 328 адад нисбати шахсони воқеӣ мебошад.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь