Эмомалӣ Раҳмон, Президенти  Тоҷикистон, ба муносибати Иди Ғалаба ба ҳар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ки  ҳамагӣ 17 нафар боқӣ мондаанд, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.

Соли гузашта раисҷумҳур ба ҳар кадом 40 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.

Гуфта мешавад,ки собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар вилояти Хатлон 8 кас, дар вилояти Суғд 2 кас, дар шаҳри Душанбе 2 кас ва ноҳияҳои тобеи марказ 5 кас зиндагӣ доранд.

Инчунин, дар кишвар 134 собиқадорони ақибгоҳ, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ хидмат кардаанд, дар ҳаёт ҳастанд.

Ёдрас мешавем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор кас сафарбар шуда, 92 ҳазор тани онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.

Абдураҳмон Раҳмонов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь