Тайи чанд соли охир дар шаҳру наҳияҳои вилояти Суғд бунёд гардидани театр ва кохҳои фарҳангӣ бешак ба рушди соҳаи фарҳанг заминаи мусоид гузошт. Ҳоло дар бисёр шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла, Айнӣ, Ашт, Хуҷанд, Мастчоҳ театр ва кохҳои фарҳангӣ фаъолият доранд.
Соли 2016 дар ноҳияи Ашт қасри фарҳанг бо иштироки Пешвои миллат ба истифода дода шуд. Зимни ба истифода додани он Президенти кишвар суханронӣ намуда, қасри фарҳангро Театри мусиқӣ-драммавии вилоятии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов гузошта буданд. Ҳоло аз фаъолияти театри мазкур 5-сол сипарӣ гардид. Ин бинои хуштарҳ макони маданияту маърифат ва барои гузаронидани чорабиниҳо шароити созгорро фароҳам сохтааст.
Акмал Турсунов, саркоргардони намоишҳои саҳнавии Театри мусиқӣ-драммавии вилоятии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мегӯяд, баъди ба фаъолият оғоз кардани театр дар ноҳия ӯро ба кор даъват карданд.
– Минбаъд фаъолияти ман аз рӯи ихтисосам оғоз мешавад, ки хеле хурсандиовар буд. Вақти набудани театр дар зодгоҳ, ман дар саҳнаҳои гуногуни дигар театрҳо нақш меофаридам, ҳатто дар филмҳо низ нақш мебозидам, – мегӯяд ӯ.
Вуҷуди театр дар як ноҳияи дурдасти ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани сатҳи марифатнокии мардуми таҳҷоӣ нақши бузург дорад. Ҳатто баргузории барномаҳои дигари фарҳангӣ низ дар театр маданият ва маърифати наврасону ҷавонон ва сокинонро боло мебарад.
Акмал Турсунов дар ин бобат бар он назар аст, ки воқеан давоми 5-сол сокинони маданияти истифодаи театрро омӯхтанд.
– Умеди мо ҳунармандон аз амали сокинон бисер зиёд аст. Рӯзе фаро мерасад, ки театри тоҷик, аз ҷумла Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмуди Воҳид дар ноҳияи Ашт, ҳамеша пур аз тамошобин хоҳад гашт, – мегӯяд Турсунов.
Гузоштани намоишномаҳо дар саҳна ва ба таври зинда тамошо кардани он эҳсосоти бинандро бедор месозад. Ҳоло дар театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидов чандин намоишнома пешкаши тамошобин гашта, он ҳаводорони худро пайдо кардааст.
– Дар театр ҳунармандони боистеъдод ба кор ҷалб шуданд ва тавонистем чандин намоишномаро рӯи саҳна гузорем. Инҳо намоишномаҳои “Мардикорон”, “Охирин арӯси Амир-ал мӯъминин” мебошанд. Ҳоло бо коргардонии ман ду намоишномаи дигарро мехоҳем ба саҳна гузорем, ки ин спектакли драммавии “Хонаи фаромӯшӣ” ва намоишномаи кӯдакона аз рӯи афсонаи халқи тоҷик мебошад, – мегӯяд саркоргардони театр Акмал Турсунов
Ду саҳнае, ки ба намоиш гузошта мешаванд, яке бозгӯи ҳаёти шахсоне мебошад, ки мехоҳанд ва муҳоҷират раванд, дигаре барои кӯдакон аст, ки он бо иштироки ҳайвонҳо дар ҷангал мегузарад. Ба гуфти саркоргардони театр онҳо бори аввал барои кӯдакон намоишнома омода мекунанд.
Саодат Исмоилӣ