Давоми як сол аз сафи донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо омилҳои гуногун 47 донишҷӯ хориҷ карда шуданд. Дар ин бора ректори донишкадаи мазкур Диловаршоҳ Исозода зимини нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, аслан донишҷӯён барои иштирок накардан дар дарсҳо, бо хоҳиши худ, иштирок накардан дар имтиҳонҳои давлатӣ ва дигар омилҳо хориҷ шуданд.
Дар идома ӯ қайд кард, ки имсол Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро 480 нафар хатм карданд, ки 13 нафарашон соҳиби дипломи аъло шуданд.
Дар идома ректор афзуд, ки имсол дар донишкада 5 ихтисоси нав, ки дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошанд, таъсис дода шуданд.
Блоки рекламавӣ