Дар доираи лоиҳаи GEFF, мизоҷони Бонк дар ҳаҷми 30% аз маблағи қарзи қаблан гирифташуда грантҳои навбатӣ гирифтанд. Маблағгузорӣ асосан ба мақсадҳои зерин нигаронида шудааст:
– Қубурҳои обёрӣ ва насосҳо
– Хариди тракторҳо
– Парвариши боғҳои интенсивӣ, боғҳо дар нишебиҳо
– Сохтмони анборҳои хунуккунак
– Сохтмони гармхонаҳо
– Насб кардани системаҳои обёрии қатрагӣ
– Хариди таҷхизот барои истеҳсоли хӯроки чорво ва ғайра.
Дафъаи мазкур мизоҷони филиалҳои Ҳисор, Бохтар, Ёвон, Мастчоҳ, Турсунзода, Истаравшан, Панҷакент ва Идораи амалиётии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 309 074,66 доллари ИМА ё 3 171106 сомонӣ грант гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ҶСК «Бонки Эсхата» дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва GEFF Тоҷикистон ба фермерҳо ва корхонаҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ ва занҷирҳои кишоварзии арзиши иловашуда фаъолият мебаранд ва ба таҷҳизот ва технологияҳои муосир ва самаранок сармоягузорӣ мекунанд, грантҳои сармоягузорӣ пешниҳод мекунад. Дастгирии техникӣ аз ҷониби гурӯҳи маҳаллии GEFF дар марҳилаҳои гуногуни таҳияи лоиҳа, баҳодиҳии сармоягузориҳо ва татбиқи лоиҳа пешниҳод карда мешавад.