Рӯзҳои 14-ум ва 16-уми феврали соли равон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо “Baku Grand Slam 2025” баргузор шуд, ки ҷудокорони тоҷик ду нишон ба даст оварданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа шаш паҳлавон муаррифӣ карданд. Дар вазни то 73 кг Абубакр Шеров бо Муҳиддин Асадуллоев, дар вазни то 81 кг Баҳрӯз Хоҷазода бо Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов намояндаҳои кишвари мо дар мусобиқаи мазкур буданд.

Ба Абубакр Шеров ва Ҷаҳонгир Маҷидов муяссар шуд, ки барои Тоҷикистон медалҳои биринҷӣ оранд. Абубакр Шеров зери вазни то 73 кг дар даври аввал намояндаи Крувосӣ Роберт Класарро, дар даври дуюм Бае Донғюн аз Куриёи Ҷанубӣ , дар даври чаҳорякниҳоӣ бо имтиёзи иппон ватандори ҷудо Рюга Танакаи ҷопониро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври нимниҳоӣ аз Рашид Маммадалиеви озарӣ шикаст хӯрда, дар мубориза барои нишони биринҷӣ Гиоргий Чихелидзеи гурҷиро шикаст дода, нишони биринҷиро соҳиб шуд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг дар даври аввал Кристиан Тоти маҷорӣ , дар даври дуюм Рустам Шораҳматови ӯзбекро шикаст дода ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқа Маҷидов аз Арай Дотаи ҷопонӣ шикаст хӯрда, барои нишони биринҷӣ ҷудокори бетараф Муҳаммадалӣ Матаевро мағлуб кард.

Тоҷикистон бо 2 медали биринҷӣ дар феҳристи медалҳо мақоми 12-умро дар Baku Grand Slam 2025 ишғол кард. Дар мусобиқа Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) панҷум ва Беҳрӯз Хоҷазода (-81 кг) ҳафтум шуданд. Муҳиддин Асадуллоев ва Кароматулло Ҳакимов аз даври якум ноком шуданд.

Ҷопон бо бо 10 медали тило, 4 медали нуқра ва 3 нишони биринҷӣ якум шуд. Олмон бо 1 тило, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми дуюм гардид. Кишвари мизбон Озарбойҷон бо 1 тило, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ сеюм шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь