Дар шаҳри Бохтар дар се соли оянда дар назар аст, ки 51 ҳазор дарахти гуногуни сояафкану ҳамешазабз шинонида шавад, ки дар миёни онҳо дарахтони нодир низ ҳастанд.
Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар Мирзода Маҳмадшариф ба “Фараж” гуфт, 51 ҳазор дарахт дар мудати се сол (2025 – 13 ҳазор, 2026 – 17 ҳазор ва 2027 – 21 ҳазор) шинонида мешаванд.
Номбурад қайд кард, ки ҳоло шинонидани дарахтон дар шаҳри Бохтар оғоз гардида, то имрӯз беш аз 4 ҳазор дарахти ҳамешасабзу сояафкан ва ороишӣ ва зиёда аз 40 ҳазор гулҳои мавсимиву доимӣ шинонида шудаанд. Ҳамчунин, дар ин давра дар шаҳр як гулгашти зебо барои истироҳату фароғати сокинон бо ташабуси МИҲД-и шаҳр бунёд карда шуд, илова кард ӯ.
Иттилоъ дода шуд,ки дар ҳудуди шаҳри Бохтар дарахтони нодир аз қабили павлония 100 бех, каталпа беш аз 100 бех ва магнолия шинонида шудаанд.