Ҷамъбасти нимсолаи аввали  соли 2024  нишон дод, ки аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 99  санҷиш гузаронида шуд.

Дар натиҷаи санҷиш 4030 қонунвайронкуниҳо ошкор ва аз натиҷаи он баҳри фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 665  амр дода, ҷиҳати бекор ва ба талаботи қонун мутобиқ намудани амру қарорҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор 623  эътироз оварда, барои бартараф кардани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткарда 324  пешниҳод ирсол намуда, 265 (242) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 450  нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, нисбати 1362   нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, маблағи 1.118.731  сомонӣ қарзи талафи истеҳсоли кишоварзӣ, иҷора ва андози замин барқарор карда шуд.

Дар ин давра 306   парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ки аз ин шумора 51  парвандаи ҷиноятӣ хусусияти коррупсионӣ ва 27 тоаш иқтисодии характери коррупсионидошта мебошанд.

Аламов М.И,

прокурори калони бахши назорати

иҷрои қонунгузори  замини прокуратураи вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи 3                 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь