Бори аввал аст, ки Бонки Эсхата бахшида ба 32-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи «Интиқоли Бурднок»-ро эълон мекунад. Акнун, ҳангоми ирсол ва қабули интиқоли пулӣ, щумо имконият доред, ки туҳфаҳои арзишнокро ба даст оред:

  • 4 адад Электромобили замонавӣ
  • 240 ҳазор сомонӣ таҳфаҳои пулӣ!

Кӣ метавонад иштирокчии аксия шавад?

Гирандагон/ирсолкунандагони интиқоли пулие, ки ҳадди ақал ба онҳо як интиқоли пулӣ аз хориҷи кишвар бо воситаи низомҳои байналхалқии интиқоли пулӣ ва ё  барномаҳои мобилии онлайн – интиқолҳо ба маблағи на кам аз 500 сомонӣ (ва ё баробар ба он) аз хориҷи кишвар маблағ интиқол шудааст ва ё ирсолкунандагоне, ки ба маблағи зиёда аз 500 сомонӣ (ва ё баробар ба он) тариқи бонки мобилии “Эсхата онлайн” ба хориҷи кишвар маблағ ирсол кардаанд.

Бояд қайд кард, ки пас аз қабули интиқоли пулӣ ба иштирокчии аксия СМС паёмак бо рақами тартибӣ дар муддати то 3 (се) рӯз ирсол мегардад. Он купон ном дорад, ки иштироки мизоҷро дар аксия тасдиқ мекунад.

Купонҳоро метавон дар «Эсхата Онлайн» ё дар бахши «Тафтиши купони иштирокчии аксия» дар саҳифаи асосии сомонаи расмии Бонки Эсхата тафтиш кард.

Аз Тоҷикистон бо пур кардани кортҳои Visa ба зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон тавассути Эсхата Онлайн маблағро интиқол дода мешавад.

Аз хориҷа ба Тоҷикистон бо истифода аз якчанд роҳҳо метавон амалиёти интиқоли пулиро анҷом дод:

  • Корти худро, ки аз Россия дастрас намудед, ба Эсхата Онлайн пайваст карда, бидуни комиссия маблағро ба Тоҷикистон фиристед
  • Тавассути барномаҳои бонкҳои Россия ба ҳамёни мобилӣ ва кортҳои Бонки Эсхата маблағро интиқол диҳед
  • Тавассути низомҳои интиқоли пулӣ фиристед: Unistream, Western Union ва Contact.

Маблағи интиқолшударо метавонед аз филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ, ба корт ва ё Эсхата Онлайн қабул кунед.

Аксия аз чанд марҳила иборат аст ва чӣ туҳфаҳо дорад?

Аксия аз 4 (чор) марҳила иборат аст. Аз рӯи натиҷаи ҳар як марҳила комиссияи махсус ташкилшуда ғолибонро муайян мекунад.

  • Дар марҳилаи аввали аксия 8 адад туҳфаҳои пулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ бурд карда мешаванд
  • Дар марҳилаи дуюми аксия 8 адад туҳфаҳои пулӣ ба маблағи 10 000 сомонӣ
  • Дар марҳилаи сеюми аксия 8 адад туҳфаҳои пулӣ ба маблағи 15 000 сомонӣ
  • Дар давраи финалӣ 4 адад ЭЛЕКТРОМОБИЛ бурд карда мешавад!

Имконияти хубро аз даст надиҳед. ЭЛЕКТРОМОБИЛ ё туҳфаи калони пулиро соҳиб шавед!

Шитобед! Аксия аз 01.06.2023 то 30.09.2023 сол эътибор дорад.

Барои маълумоти иловагӣ ба рақами 808 занг занед.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь