Субҳи рӯзи 19-уми ноябри соли 2019 дар Китобхонаи миллӣ Саммити миллии кӯдакон бахшида ба ҷашнгирии 30-солагии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак доир гардид.

Дар кори саммит муовини сарвазир Азим Иброҳим, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестинӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кӯдакону наврасон иштироку суханронӣ карданд.

Дар ҷараёни саммит масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи кӯдак, барномаҳои миллии кӯдакон ва вазифаҳои асосии он то соли 2030, таҳлилҳои молиявии ҳадафҳои рушди устувор барои кӯдакон ва шиносоии бо маблағгузории иноватсионӣ баррасӣ гардид.

Азим Иброҳим зимни суханрониаш иброз дошт, ки принсипи асосии Конвенсия дар эътироф намудани кӯдак ба сифати шахсияти комилҳуқуқ буда, Тоҷикистон барои амали гардонидани ин Конвенсия ҳамкории худро бо хазинаи кӯдаки СММ хуб ба роҳ мондааст.

– Намунаи барҷастаи чунин ҳамкориҳоро мо дар мисоли баргардонидани кӯдакон аз Ироқ ба Тоҷикистон мушоҳида карда метавонем, – таъкид кард Азим Иброҳим.

Маҳкамзода Маҳкам

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь