Ҳайати Фонди Рушди Саудӣ бо роҳбарии Муҳаммад ал-Масъуд субҳи имрӯз бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омаданд. Дар ин бора аз дафтари робита бо ҷомеаи сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад ҳадаф аз сафари ин ҳайат баррасии раванди тақдими қарзи имтиёзнок аз ҷониби Фонди Саудии Рушди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони “Роҳи ҳалқавии Кулоб” мебошад.
Дарозии ин роҳ 14,5 км буда, дар беҳсозии зерсохтори роҳи нақлиётӣ, кафолати интиқоли бехатари мусофирон ва молҳои тиҷортӣ нақш хоҳад бозид. Инчунин, ин лоиҳа сатҳи ҳаракати нақлиётро беҳтар ва ба талаботи соҳаи нақлиёти имрӯза ҷавобгӯ буда, дар рушди нақлиёти байналмилалӣ тавассути рабти кишварҳои Осиёи Миёна бо Чин ва дигар кишварҳои Уқёнуси Ҳинд саҳмгузор хоҳад буд.
Лоиҳа аз ду шоҳроҳ, ду пул, истгоҳи баркашии нақлиёти вазнин ва техникаи роҳсозӣ иборат мебошад.
Бояд ёддовар гардид, ки бо роҳандозии ин тарҳ лоиҳаҳои Фонди Судии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 14 адад расида, маблағи умумии он 325 миллион долларро ташкил медиҳад.