Дар вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз ба ҳолати якуми октябри соли ҷорӣ 176 миллиону 971 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбат ба авали соли ҷорӣ 13 миллиону 820 ҳазор сомонӣ кам аст.

Аз Раёсати андози вилояти Хатлон ба “Фараж” хабар доданд, ки бақияи қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар аввали соли 2021-ум 189 миллиону 917 ҳазору 198 сомониро ташкил медод, ки ин дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба 176 миллиону 971 ҳазор расонида шуд.

Қайд гардид, ки бақияи қарз дар 24 шаҳру ноҳия кам карда шуд, аммо дар ноҳияи Ҷайҳун бештар аз 2 миллион сомонӣ  зиёд гардидааст.

– Бештар бақияи қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ҷомӣ, Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Бохтар, Балхӣ, Данғара ва Ҷайҳун ҷой дорад, – гуфтанд аз Раёсати  мазкур.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь