– Дар шаҳри Панҷакент дар соли 2017-ум 260 нафар шаҳрванд ба қонуншиканӣ нисбати истифодаи замин  роҳ додаанд, – гуфт  раиси кумитаи замини шаҳри Панҷакент Ғайрат Низомӣ дар нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи Низомӣ аз миқдори умумии қонуншиканиҳо вобаста ба замин, нисбати 5 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, 38 га замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст. Ин 260 нафар шаҳрвандон, 43 га заминро  ғайриқонунӣ ғасб кардаанд, ё ғайримақсаднок истифода бурдаанд.

– Ҳамзамон, дар соли гузашта, 97 га замин аз гардиш берун мондаанд, ки аз он 65 га ба ҷамоати деҳоти Хурмӣ, 20 га ба ҷамоати деҳоти Косатарош ва 12 га замин ба ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан рост меояд, – гуфт Ғайрат Низомӣ.

Хуршед Фозилов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь