Тавре қаблан ҳам иттилоъ дода будем, 15-16-уми июли соли равон дар шаҳри Тошканд конфронси муҳими байналмилалӣ таҳти унвони “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Вобастагии минтақавӣ; таҳдидҳо ва имкониятҳо” баргузор мегардад.

Сухангӯи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Асадов дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки масъалаи омодагирӣ ба ин конфаронс дар кишвараш идома дорад. Вай афзуд, ки ин конфаронси байналмилалӣ масъалаи амнияту субот дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор хоҳад дод.

– Дар доираи ин конфронс ба масъалаи амният таваҷҷуҳи махсус дода хоҳад шуд. Ҳамчунин, тавсеаи ҳамкориҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар соҳаи нақлиёту логистика ва ба ин васила фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ аз масъалаи дигари конфронси мазкур хоҳад буд, – изҳор кард сухангӯи президенти Ӯзбекистон.

Ба таъкиди Шерзод Асадов иштирокчиёни ин конфронс  ҳамкориҳо дар соҳаи илму фан, технология ва инноватсияро низ муҳокима хоҳанд кард. Ин ҳамкориҳо мусоидат хоҳанд кард, ки вобастагии минтақавӣ ба маънои томи он имконпазир гардад ва барои ривоҷу равнақи устувор заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ёдовар мешавем, ки ин конфронс бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд роҳандозӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, ки дар он намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ, арбобони давлативу сиёсӣ, олимон ва коршиносони варзида ширкат мекунанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь