Дар таҷлили ҷашни 23-юми феврал, рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, имсол дар Душанбе гузашти низомӣ баргузор намешавад, вале консерти идона бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Ваҳдат» ба нақша гирифта шудааст.
Аз ин пеш паради идонаи низомӣ қариб ҳамасола дар маркази пойтахт ва бо иштироки президент доир мегашт.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории Душанбе ба ин муносибат аз баргузории фестивали 5-рӯза хабар медиҳад, ки аз 17-ум то 22-юми феврал идома хоҳад кард.
Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ, таҳти унвони “Барои миллату давлатам содиқона хизмат мекунам!” дар Филармонияи давлатӣ ҷараён дорад. Фестивал ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон доир гардида, бо ин мақсад аз буҷети шаҳр 105,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
23 феврал дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ таҷлил мешавад.