Ҳудуди 20 ҳазор кас аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтанд, дар ҷанги Русия алайҳи Укроин ширкат доранд. Дар ин бора раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин хабар дод.

“Шуъбаи тафтишотии ҳарбии мо санҷишҳо анҷом медиҳад. Мо то кунун 80 ҳазор нафар аз ин шаҳрвандони Русияро, ки на танҳо ба хатти ҷабҳа, балки ба комиссариати ҳарбӣ рафтан намехоҳанд, дастгир кардем. 80 ҳазор нафарро дастгир кардем, ба қайди ҳарбӣ гирифтем ва то кунун 20 ҳазор шаҳрванди “ҷавон”-и Русияро, ки бо кадом сабабҳо зиндагӣ дар Узбакистон, дар Санкт-Петербург, Тоҷикистону Қирғизистон дӯст намедоранд, дар хатти пеши ҷабҳа ҳастанд”.

Вай ҳамчунин зикр кард, ки бисёре аз муҳоҷироне, ки аз Русия ихроҷ мешаванд, дар ватани худ ҷиноят содир мекунанд. “Ҳамин ки мо ба берун кардани муҳоҷирони бештар шуруъ кардем, ҷинояткорӣ дар онҷо [дар ватани онҳо] якбора афзоиш ёфт. Ин чӣ маъно дорад? Ҷиноят ба мо меояд. Мо механизмҳои сабти номро ба кор меандозем, то онҳо зудтар дастгир шаванд”, – гуфт Бастрикин.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь