Аз ҷониби мақомотҳои маҳалии 13 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари  вилояти Хатлон дар 10 моҳи соли ҷорӣ барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта 1 миллиону 994 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар миёни онҳо ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус нисбатан кам маблағгузорӣ кардаанд.

Аз Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки аз соли 2009 тибқи қарори 639 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру нигоҳдории роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ба зиммаи мақомоти маҳаллӣ вогузор карда шудаст.

– Дар ин давра аз тарафи мақомоти маҳалии шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён 47,5 ҳазор сомонӣ, Панҷ 98 ҳазор сомонӣ, Қубодиён 10 ҳазор сомонӣ, Ҷомӣ 46 ҳазор сомонӣ, Балхӣ 123 ҳазор сомонӣ, Вахш 39 ҳазор сомонӣ, Левакант 47 ҳазор сомонӣ, Носири Хусрав 40 ҳазор сомонӣ, Ҷайҳун 90 ҳазор сомонӣ, Ёвон 1 миллиону 263 ҳазор сомонӣ, Дӯстӣ 68 ҳазор сомонӣ, Хуросон 99 ҳазор сомонӣ ва  Шаҳритус 20 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидаст, – гуфтанда з ниҳоди мазкур.

Зиакр шуд, ки аз 1980,7 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 50 дарсадаш ҳоли хароб дошта, ниёз ба таъмири асосӣ доранд.

Масъулони Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақи Бохтари вилояти Хатлон аз он нигаронӣ карданд, ки маблағҳое, ки мақомоти маҳаллӣ барои таъмири роҳҳо  ҷудо мекунанд, ҳатто барои таъмири як километр роҳ намерасад.  Масалан, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ноҳияҳои Қубодиён-10 ҳазор сомонӣ, Шаҳритус-20 ҳазор сомонӣ, Вахшу Носири Хусрав -39 ҳазор сомонӣ, Кӯшонинён, Ҷомӣ ва шаҳри Левакант 47 ҳазор сомнӣ ҷудо карданд, ки бо ин маблағҳо ҳатто 500 метр роҳро таъмир кардан намешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь