Дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии ҷудои Grand Prix Dushanbe 2023 паҳлавонони Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд.

2-юми июн, дар рӯзи аввали мусобиқаи ҷудои Гран-прии Душанбе-2023 ғолибон ва ҷоизадорон дар панҷ вазн муайян шуданд. Дар рӯзи аввал ҷудокорони Тоҷикистон Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг) медали биринҷӣ ва Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали тило ба даст оварданд.

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии Душанбе-2023 дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ғолибони ҳар вазни ҷойи аввал 3000 евро, барандагони нуқра 2000 евро ва биринҷӣ 1000 евро ба даст оварданд.

Инчунин Гран Прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, ба рейтинги варзишгарон имтиёз илова мекунад. Барои ҷойи 1 — 700 хол, ҷои 2 — 490, ҷои 3 — 350, 5 — 252 ва ғайра.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқа:

Мардон

-60 кг

  1. Рамазон Абдуллоев (бетараф)
  2. Туран Байрамов (Озарбойҷон)
  3. Лука Мхеидзе (Фаронса),
  4. Меҳрзод Суфиев (Тоҷикистон)

-66 кг

  1. Обид Ҷебов (Тоҷикистон)
  2. Мурод Чопанов (бетараф)
  3. Яшор Наҷафов (Озарбойҷон),
  4. Сунггат Жубаткан (Қазоқистон).
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь