Соли гузашта дар 19 шӯрои диссертатсионии амалкунандаи Тоҷикистон 178 рисола, аз ҷумла 19 рисолаи докторӣ ва 159 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудааст.

Президенти Академияи илмҳои мамлакат Фарҳод Раҳимӣ дар ин бора маълумот дода гуфт, аз шумораи умумии дифоъкардагон 14 шаҳрванди ҶИ Эрон, 1 шаҳрванди Ироқ, 2 шаҳрванди Русия ва 2 шаҳрванди Қирғизистон буданд.

– Соли 2017-ум дар 5 шӯрои дисертатсионии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 49 рисола дифоъ карда шудааст, ки аз онҳо 5 рисолаи докторӣ ва 44 рисолаи номзадӣ мебошанд. Аз ҳисоби кормандони Академияи илмҳо бошад, 17 рисола дифоъ шудааст, ки 3-тои он докторӣ ва 14-тояш номзадӣ мебошад, – гуфт Раҳимӣ.

Ҳамчунин, гуфта шуд, соли 2017 кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳо 1990 кори илмӣ, аз ҷумла 170 китобу монография, маҷмӯаи илмӣ, брошюра, 1820 мақолаи илмӣ, аз он 1612 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 136 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 72 мақола дар маҷаллаҳои давлатию хориҷи дур ба табъ расонидаанд.

– Ҳар як мақола, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳон чоп мешавад, ин муаррифгари миллат ва илми ватанӣ аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҷаллаҳое, ки сатҳи баланди илмӣ доранд, на ҳар як мақоларо нашр мекунанд. Гузашта аз ин, нашриёти байналхалқии “Springer Science”, ки қариб 200 сол боз ба Институтҳои илмӣ-тадқиқотии ҷаҳонӣ баҳогузорӣ мекунад, соли 2017 Академияи илмҳои Тоҷикистонро ҳамчун муваффақтарин муассисаи илмӣ ва олими тоҷик Иззатулло Ғаниевро аз сермаҳсултарин олимони Осиёи марказӣ эътироф карда, бо сертификат сарфароз гардонид. Муттаасифона, ин дастоварди олими тоҷик дар расонаҳои кишвар васеътар инъикос нагардид, то ҳамагон аз ин муваффақияти мо огоҳии бештар пайдо кунанд , – илова кард президенти Академияи илмҳо.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here