Дар хабар аст, ки ҳабдаҳ намояндаи клуби футболи «АЗ»-и Нидерланд ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Хадамоти матбуоти клуб эълон кард, ки нӯҳ намояндаи даста (шаш бозигар ва се корманди клуб) аз санҷишҳои коронавирус бо натиҷаҳои мусбат гузаштанд ва 20 октябр изҳороте интишор доданд, ки дар он аллакай ҳолатҳои нави сироят зикр шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, сухан дар бораи ҳашт бозигари ҳайати асосӣ меравад. Дар ҳоли ҳозир, роҳбарияти клуб бо Ассотсиатсияи футболи шоҳигарии Нидерланд ва UEFA имкони баргузории бозии даври аввали марҳилаи гуруҳии Лигаи Аврупоро бо “Наполӣ”-и Италия баррасӣ мекунад. Бозии “Наполӣ” бо «АЗ» бояд 22-юми октябр дар Италия баргузор шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь