158 соҳибкороне, ки дар сухтори бозори Ҷайҳун зарар дидаанд, аз бонкҳо 4 миллиону 785 ҳазоуру 253 сомонӣ қарздоранд. Дар назар аст, ки пардохти қарзи онҳо то як муҳлати муайян тамдид карда шавад. Дар ин бора имрӯз дар нишасти хабарии Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар хабар доданд.
Мудири ин ниҳод Самадзода Фиридавс гуфт, аз ҷониби 158 соҳибкори бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун, ки дар сухтори бозор зарар дидананд, муроҷиат шудааст ва эҳтимол аст, ки боз дигар соҳибкорон низ муроҷиат кунанд.
Хабар дода шуд, ки аз ҷониби воҳидҳои сохтори ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи дархост ба ин муштариён дар маҷмуъ ба маблағи 6 миллиону 744 ҳазору 199 сомонӣ қарзи бонкӣ дода шуда, дар ин муддат аз ҷониби мизоҷони зикршуда, дар умум ба маблағи 1 миллиону 958 ҳазору 946 сомонӣ қарзи асосӣ ва 1 миллиону 106 ҳазору 792 сомонӣ фоизи қарз боспас гардонида шудааст.
Ӯ афзуд, ки бақияи уҳдадориҳои нопардохтаашон дар назди ташкилотҳои қарзи молиявӣ ба санаи 10 июли соли ҷорӣ аз ҳисоби қарзи асосӣ 4 миллиону 785 ҳазору 253 ва аз ҳисоби фоизҳои ҳисобшудаи нопардохта 805 ҳазору 835 сомониро ташкил медиҳад. Самадзода Фиридавс, қайд кард, ки барои ин соҳибкорон имтиёз медиҳанд.
Бояд гуфт, ки дар Бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун шаби 1-уми июли соли ҷорӣ сухтор ба амал омада, қариб ҳамаи бозор ба коми оташ рафт. Ба иттилои масъулони Нозироти андози ноҳияи Ҷайҳун 611 соҳибкон дар ин бозор фаъолият мекарданд ва аз ҳисоби онҳо ба буҷети ноҳия 508 ҳазор сомонӣ андоз ва 250 ҳазор сомонӣ фонди нафақа супорида мешуд.
Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз иттилоъ дод, ки зарари сухтори бозор беш аз 10 миллион сомониро ташкил дода, сабаби сар задани сухтор тибқи маълумоти комисия расиши ноқилҳои барқӣ мебошад.
– Мо ҳамаи соҳибкоронро дар дигар ҷой ба кор таъмин карда, онҳоро аз пардохти андоз то барқарор шудани бозор озод хоҳем кард, – илвоа кард раиси ноҳия.