Дар ҳаёти ҳар давлату миллат лаҳзаҳое ҳастанд, ки ояндаро дар тӯли асрҳои баъдӣ муайян мекунанд. Барои мардуми Озарбойҷон яке аз чунин лаҳзаҳо Рӯзи наҷоти миллӣ мебошад. Маҳз дар ин рӯзи тақдирсоз, халқи Озарбойҷон барои наҷоти давлати худ ба пешвои миллат Ҳайдар Алиев муроҷиат кард. Дар натиҷаи фаъолияти пурмашаққати ӯ Озарбойҷон дар як муддати хеле кӯтоҳ роҳи рушди назаррасро пеш гирифт.
Моҳи октябри соли 1991 Озарбойҷон истиқлолият ба даст овард, аммо хеле зуд бо таҳдиди аз даст додани он рӯ ба рӯ шуд. Ҳамин тариқ, дар солҳои аввали истиқлолият дар кишвар бӯҳрони дохилӣ ва бӯҳрони сиёсӣ ташаккул ёфт. То моҳи июни соли 1993, бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар ба авҷи худ расид ва ҷумҳуриро бесарусомонӣ фаро гирифт. Муқовимат, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ расида буд, на танҳо ба муқобили истиқлолияти давлатии Озарбойҷон, балки бар зидди мавҷудияти миллати озарбойҷонӣ низ равона шуда буд.
Ва ҳамаи инро таҷовузи Арманистон алайҳи Озарбойҷон ҳамроҳӣ менамуд, ки дар натиҷаи он 20% қаламрави ҷумҳурӣ ишғол карда шуд ва зиёда аз 1 миллион нафар дар ватани худ гуреза ва муҳоҷири дохилӣ шуданд.
Идомаи истилои заминҳои Озарбойҷон аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон, тадриҷан шиддат ёфтани вазъи сиёсӣ, рӯз ба рӯз бад шудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ сабабгори ба сари қудрат омадани роҳбаре, шуд ки кишварро аз вартаи ҳалок наҷот дода, мардумро роҳбарӣ карда тавонад. Дар ин давраи душвор, мардуми Озарбойҷон мутмаин буданд, ки Ҳайдар Алиев ягона шахсест, ки қодир аст кишварро аз вазъияти душвор берун барорад.
Ҳайдар Алиев дар посух ба даъватҳои мардуми Озарбойҷон 9 июни соли 1993 ба Боку баргашт ва дар як муддати кӯтоҳ тавонист ҷанги шаҳрвандиро дар Озарбойҷон пешгирӣ кунад. 15 июни соли 1993 Ҳайдар Алиев раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва 11 октябри соли 1993 президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб шуд. Ҳамин тавр, 15 июн ба таърихи халқи мо ҳамчун Рӯзи наҷоти миллӣ дохил шуд.
Таҳти раҳбарии Ҳайдар Алиев, Озарбойҷон барои рафъи мушкилоте, ки дар давраи раҳбарии ҳукумати собиқ ба вуҷуд омада буданд, тадобири пайваста оғоз кард. Дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар болоравии тадриҷӣ эҳсос мешуд, муносибатҳои байналмилалӣ васеъ ва мустаҳкам мешуданд.
Ҳадафи асосии Ҳайдар Алиев озод кардани заминҳои ишғолшуда, баргаштан ба ватани таърихии худ, баргаштани гурезагон ба хонаҳои онҳо буд. Барои муҳофизати Озарбойҷон, таҳти роҳбарии Ҳайдар Алиев, артиши миллии қобили ҷанг ташаккул ёфт.
Пас аз барқарор кардани сулҳу субот дар кишвар, нақшаи нафт таҳия ва амалӣ карда шуд, ки дар моҳи сентябри соли 1994 ба имзо расидани аввалин шартномаи нафт бо номи “Шартномаи аср” анҷом ёфт. Ин ба афзоиши эътибори Озарбойҷон дар арсаи байналмилалӣ низ мусоидат кард. Роҳи рушди иқтисодии пешгирифтаи Озарбойҷон ба самара додан шурӯъ кард.
Сиёсати айни замон пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев идомаи корест, ки Ҳайдар Алиев барои татбиқи ислоҳоти демократӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, ҳимояи боэътимоди ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таҳкими истиқлолият ва барқарор кардани тамомияти арзии Озарбойҷон оғоз карда буд.
Аз ҷумла, сиёсати мулоҳизакорона ва ҳадафмандонаи Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев пирӯзии Озарбойҷонро дар ҷанги 44-рӯза ва барқарор намудани тамомияти арзии Озарбойҷонро таъмин намуд.
Таҳти роҳбарии Президент Илҳом Алиев Озарбойҷон роҳи тӯлонии рушдро дар тамоми соҳаҳо тай кард. Дар натиҷаи ислоҳоти иқтисодии дар кишвар гузаронидашуда, иқтисодиёти Озарбойҷон ба яке аз мӯътадилтарин ва босуръат афзояндаи ҷаҳон табдил ёфт, ки дар тӯли 17 соли охир бемайлон рушд кард. Дар ин давра ММД-и кишвар се маротиба афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 5 фоиз коҳиш ёфт. Қарзи хориҷии Озарбойҷон яке аз камтарин дар ҷаҳон аст ва тақрибан 20 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Озарбойҷон дар ҷаҳон ҷои 9-умро ишғол мекунад.
Ҳамзамон, дар 17 соли охир ба иқтисоди Озарбойҷон беш аз 260 миллиард доллар сармоягузорӣ шудааст. Тибқи иттилои Хазинаи Байналмилалии Асъор, дар ҳоли ҳозир иқтисодиёти Озарбойҷон 70 фоизи тамоми иқтисоди минтақаи Қафқози Ҷанубиро дар ҳампоягии қобилияти харидорӣ ташкил медиҳад.
Имрӯз, тантанаи ғояи наҷоти миллӣ дар рушди устувори Ҷумҳурии Озарбойҷони мустақил зоҳир мешавад. Рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ, инчунин ташаккул ва таҳкими қобилияти ҷангии артиш, ки пас аз бозгашти Ҳайдар Алиев ба сари қудрат дар Озарбойҷон оғоз ёфт, дар таҳкими давлати Озарбойҷон, дар ҳамгироии зичи он бо ҷаҳони мутамаддин, дар бунёди ҷомеаи муосир ва барқарор намудани тамомияти арзии Озарбойҷон нақши ҳалкунанда дошт. Ҳамин тариқ, ин рӯзи муҳими таърихӣ дар хотираи мардум ҳамчун Рӯзи наҷоти миллӣ сабт гардид.