Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, теъдоди дастаҳоеро, ки дар мавсими нав дар Лигаи олии Чемионати футболи Тоҷикистон ширкат мекунанд, афзоиш диҳад.

Кумитаи иҷроияи ФФТ тибқи санаде, ки ки аз ҷониби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ бо аҳли ҷомеаи футболии кишвар дар он масъалаи афзоиши дастаҳо дар ҳамаи лигаҳои кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, тасмим гирифт, шумораи дастаҳои Лигаи олиро ба 12 даста расонад. Шумораи дастаҳои Лигаи якум низ зиёд карда мешавад.

Бар асоси натиҷаҳои раванди литсензиякунонии бошгоҳҳо маълум шуд, ки дастаи «Файзканд»-и Восеъ ба далели мушкилоти молӣ ва инфрасохторӣ дар Чемпионати футболи Тоҷикистон ширкат карда наметавонад. Дастаи ноҳияи Восеъро дар Лигаи олии кишвар барандаи медали биринҷии Лигаи якуми мавсими гузашта дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки аз расмиёти литсензиякунонӣ бомуваффақият гузаштааст, иваз мекунад.

Илова бар ин, дар Чемпионати футболи Тоҷикистон-2024 дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Вахш»-и Бохтар низ дар Лигаи олӣ боқӣ хоҳанд дод, зеро ин бошгоҳҳо ба талаботи чемпионати Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, бомуваффақият аз иҷозатномадиҳӣ гузаштаанд. Дастаҳои «Хулбук» ва «Моҳир», ки дар мавсими гузаштаи Лигаи якум ҷойҳои чорум ва панҷумро гирифтанд, бинобар риоя накардани талаботи муқарраршудаи низомномаи иҷозатномадиҳӣ ба Лигаи олӣ роҳ дода нашуданд.

Тибқи қарори Кумитаи иҷроияи ФФТ мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон дар ду давра баргузор мешавад, ки ҳар даста дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бозӣ мекунад. Умуман, дар мавсим ҳар як даста 22 вохӯрӣ мегузаронад. Дастае, ки дар мавсими соли 2024-и Лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба Лигаи якум меравад ва дастае, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ баргузор хоҳад кард.

Бо қарори Кумитаи иҷроияи ФФТ мавсмими 33-юми Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ рӯзи 6-уми апрел оғоз мешавад. Дар он дастаҳои «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Эсхата», «Хуҷанд» (ҳарду аз Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Вахш» (Бохтар), «Куктош» (Рӯдакӣ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) ширкат мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь