Рӯзи 25-уми май марҳилаи сеюми табодули густурдаи асирони ҷангӣ миёни Русия ва Укроин, ки дар музокироти рӯзи 16-уми май дар Истанбул ба мувофиқа расида буд, баргузор шуд.
Ҳарду ҷониб 303 нафарро ба ҳамдигар таслим карданд. Дар ин бора вазорати дифои Русия ва президенти Укроин Владимир Зеленский дар каналҳои Telegram хабар доданд. Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, низомиёни раҳошудаи Русия ба Беларус интиқол ёфта, дар он ҷо ба онҳо кумаки лозимии пизишкӣ ва равонӣ расонида мешавад.
Вазорати дифои Русия низ изҳор дошт, ки ҳеҷ марҳалаи минбаъдаи мубодила дар назар нест. Дар чаҳорчӯби тавофуқоти ҳосилшуда аз 23 то 25-уми май тарафҳо аз рӯи формулаи 1000 ба 1000 нафар табодул карданд.
Президенти Укроин анҷоми табодулро тасдиқ карда, навишт: “303 муҳофизи укроинӣ ба хона расиданд. Қисми сеюми мубодилаи 1000 ба 1000, ки дар Туркия мувофиқа карда шуд, анҷом ёфт”.
Марҳилаи аввали табодули асирон миёни Русия ва Укроин рӯзи 23-юми май сурат гирифт. Сипас, аз ҳар тараф 390 низомӣ ва ғайринизомӣ баргардонида шуданд. Марҳилаи дуюми табодул рӯзи 24-уми май баргузор шуда, Укроин ва Русия ҳар кадом 307 асирро иваз карданд.