Аз ҳисоби буҷети мақомоти маҳаллии 1 шаҳру 11 ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон барои таъмири 1980,7 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта дар 7 моҳи соли ҷорӣ 1 миллиону 262 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин кофӣ нест. Дар ин бора сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Маҳмадулло Файзалиев хабар дод.

Манбаъ гуфт, дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои  буҷети ноҳияҳои Кӯшониён-47,5 ҳазор сомонӣ, Панҷ-28,8 ҳазор сомонӣ, Қубодиён-10,1 ҳазор сомонӣ, Ҷомӣ-478 ҳазор сомонӣ, Левакант- 47,4 ҳазор сомонӣ, Балхӣ-89,8 ҳазор сомонӣ, Носири Хусрав- 40 ҳазор сомонӣ, Ҷайҳун-50 ҳазор сомонӣ, Ёвон-800 ҳазору 500 сомонӣ, Дӯстӣ-13 ҳазор сомонӣ, Хуросон-41,1 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳритус 22, 5 ҳазор сомонӣ  ҷудо карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ин мабалағҳо 1 миллиону 107 ҳазор сомониаш дар таъмири роҳҳои маҳаллӣ сарф карда шуд.

– Дар мувозинаи муассиса 1980,7 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта  мавҷуданд, ки аксари онҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд, вале, мутаассифона, маблағҳое, ки аз ҳисоби мақомти маҳаллӣ ҷудо карда мешаванд, ночиз аст. Барои таъмири асосии як километр роҳ наздики як миллион сомонӣ лозим аст, – илова кард М. Файзалиев.

Қайд карда шуд, ки бояд мақомоти маҳаллӣ, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №639 таъмиру нигоҳдории роҳҳо ба зиммаи онҳо вогузор шудаст, таваҷҷуҳи бештар кунанду маблағгузориро дар ин самт афзоиш диҳанд, то роҳҳои харобгашта саривақт аз таъмир бароварда шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь