Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари мавҷудияти пойгоҳи низомии Чин дар кишварро рад кард. Санаи 12-уми июл ин ниҳод бо нашри баёнияе гуфт, ки хабари мавҷудияти пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон асосӣ воқеӣ надорад.
Расонаҳои кишвар чанд рӯз қабл дар такя ба нашрияи бритониёии «Телеграф» гуфта буданд, ки Чин дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ месозад. Маҳалли мавҷудияти пойгоҳро минтақаи Шаймак дар ноҳияи Мурғоб дар Помир ва воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистон номидаанд.
Вобаста ба ин хабарҳо ВКХ-и кишвар Тоҷикистон ва Чинро шарикони самимии стратегӣ унвон намуда гуфтааст, ки байни ду кишвар ҳамкориҳо босуръат рушд мекунанд.
“Душанбе ва Пекин дар масъалаҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд” – омадааст дар баёнияи ин ниҳод.
Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин гуфтааст, ки нияти тақвият бахшидани ҳамкориҳо бар зидди нерӯҳои “се бадӣ”-ро доранд. Инҳо ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ мебошанд.
“Дар робита ба хабарҳое, ки бархе аз расонаҳо дар бораи гӯё таъсиси пойгоҳи низомӣ аз ҷониби Чин дар қаламрави Тоҷикистон паҳн мекунанд, изҳор менамоем, ки онҳо асос надоранд. Ин масъала дар рӯзномаи музокироти Тоҷикистону Чин ҷой надошт ва нахоҳад дошт” – гуфтааст ВКХ.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки байни ду кишвар механизмҳои зарурӣ барои гузаронидани чорабиниҳои муштарак оид ба омодакунӣ ва такмили кадрҳо барои мақомоти сарҳадӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шудаанд.