Дар Русия мӯҳлати дар боздошт нигоҳ доштани хориҷиҳо ва шахсони бе санад, кӯтоҳ мешавад.
Дар ин тағйирот гуфта мешавад, ки шаҳрванди хориҷие, ки бо қарори полис ва бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд аз хоки Русия ихроҷ шавад, дар давоми 48 соат аз қаламрави Русия берун шаванд. Ҳоло мӯҳлати ихроҷи шахс то 90 рӯзро дарбар мегирад.
Тағйирот ба қонун дар ин замина, ба навиштаи хабаргузории ТАСС, дар Думаи давлатӣ дар хониши дуюм ворид карда хоҳад шуд.
Агар полис қарор кунад, ки шахсро аз Русия берун мекунад, ин нафар фақат ду шабонарӯз вақт дорад, ки аз кишвар равад. Танҳо қарори дигари додгоҳ нисбати ин шахс метавонад монеи ихроҷи ӯ шавад.
Барои аз хоки Русия хориҷ кардани шахс иҷозаи махсуси додгоҳ зарур нест.
Моҳи октябри соли 2023 ба Думаи давлатӣ қабули тарҳи нави қонун пешниҳод шуд, ки бар асоси он ба шаҳрвандони хориҷӣ кор дар мактабу соҳаи дорусозӣ, сохторҳои давлатии тиббӣ, такси ва интиқоли бор манъ мешавад.
Дар чандин минтақаи ин кишвар сохторҳои қудратӣ ҳуҷуму ҳамлаҳои танзимшуда болои муҳоҷиронро ташкил карданд. Баробар бо ин, рейди миллатгароҳо алайҳи занони рӯймолу ҳиҷобдор сар шуд.
Дар Тоҷикистон дар авҷи азиятҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, мақомот ба мардум тавсия доданд, ки аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.
“Фараж”