Ба масофаи 51 километр роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом навсозӣ мегардад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод. Ба гуфтаи ин ниҳод паҳноии роҳ аз 25 то 45 метрро дар бар гирифта роҳи мазкур бояд мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шавад. Чун масири мазкур яке аз масирҳои аҳамияти байналмиллалӣ дошта маҳсуб мегардад.
Тибқи лоиҳа, дар доираи корҳои роҳсозӣ бунёди11 пули мошингузар низ ба нақша гирифта шудааст – хабар медиҳад ин ниҳод.
Дар корҳои азнавсозии ин роҳ мутахассисони соҳа аз дохилу хориҷи ватан ҷалб карда шудааст.
Раиси вилояти Суғд зимни шиносоии худ бо рафти корҳои мумфаршкунӣдар роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом барои татбиқи босифати лоиҳа ва тозаву озоданигоҳ доштани шафати роҳи мазкур ба масъулин супоришҳо дод.