Дар рафти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шудааст, ки Назаров Меҳровар Маҳмадович, соли таваллудаш 31 декабри соли 2000, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ҷамоати деҳоти Панҷоб, деҳаи Сайроб, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, оиладор, соҳиби як фарзанд, муваққатан бекор, даст ба ҷиноятӣ қасдона задааст.
Мавсуф дар комиссариати ҳарбии ноҳияи мазкур ҳамчун даъватшаванда ба қайд гирифта шуда, бар хилофи талаботҳои моддаи 43-и Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он “ҳифзи Ватан, ҳимояи давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст ва талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷкистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” амал намуда, дар даъвати тирамоҳии соли 2023, ки бояд ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар даъват мешуд, тибқи даъват ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир нагаштааст.
Такроран баъди ба хонаашон рафтани намояндагони комиссариати ҳарбии ноҳия ва раиси ҷамоати деҳоти Панҷоб ва ба пайвандонаш супоридани даъватномаи такрорӣ мавсуф аз дохили манзили истиқоматияшон бо корди хоҷагӣ ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдиди зӯровариро раво дида, аз хона баромада гурехта меравад.
Оиди ин ҳолат аз тарафи прокуратураи ноҳия 2-юми ноябри соли 2023 нисбати Назаров М.М. бо аломатҳои моддаҳои 328 қисми 1 ва 343 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, пас аз итмоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Бо ҳукми судии сайёри ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз 14 майи 2024 сол Назаров М.М. бо моддаҳои зикршудаи кодекси ҷиноятӣ пурра гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колоннияҳои ислоҳии низомашон умумӣ таъин карда шудаааст.
Зайниддинов В.Д.
Ёрдамчии калони прокурори
вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1