Президенти Амрико Ҷо Байден қарор додааст то маъракаи интихоботиашро қатъ кунад. Дар ин маврид дар шабакаи “Newsmax”  шореҳи сиёсии амрикоӣ Марк Халперин хабар додааст.

Мавсуф бо такя ба чанд сарчашмаи боэътимодаш аз ҳизби демократии Амрико гуфтааст, ки Ҷо Байден ба қатъи маъракаи интихоботиаш ризоият додааст.

Эҳтимол меравад, ки рӯзи 21 июл барои Ҷо Байден сухани охиринро омода кардаанд ва президенти 81 сола онро қироат хоҳад намуд.

Халперин мегӯяд, ки мӯҳлати президентии Байден пурра нашудааст ва номзади нав аз ҳизби демократ дар Анҷумани миллиаш рӯзҳои 21-22 июл эълон мешавад.

Худи Байден номзадии муовини президент Харрисро дастгирӣ нахоҳад кард. Номзадҳои эҳтимолӣ аз ин ҳизб  губернатори Кентукки Энди Бешир, губернатори Пенсилвания Джоша Шапиро хоҳанд буд. Ҳамчунин аз пешбарии номзадҳои дигар  губернатори Калифорния Гэвин Нюс, губернатори Мичиган Гретхен Уитмер ҳадс зада мешавад.Одатан вакилон дар давраи аввал ба номзад овоз медиҳанд ва дар ҳолати нагирифтани овози ягон номзад дараи дуюмро мегузаронанд

Пештар шабакаи телевизиёнии “NBC” бо такя ба сарчашмааш хабар дода буд, ки карераи сиёсии Байден ба охир мерасад ва ҷонибдорони вай бовар доранд, ки дар ин маврид ҳама масъала ҳал шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь