Ҷӯраев Алишер Мамарасулович, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷамоати шаҳраки Балх даст ба ҷинояти харид, фурӯш ва ивази муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷиро задааст.

Чунончӣ, 16-уми майи соли 2024 ҳангоми гузаронидани санҷиши прокурорӣ дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди бозори марказии “Баҳор” воқеъ дар шаҳраки Балх бо усули харидори озмоишӣ шаҳрванд Ҷӯраев А.М. бархилофи талаботи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”амал  намуда, бидуни иҷозатномаи дахлдор аз харидори шартӣ маблағи 3600  доллари ИМА – ро бар ивази 39240 сомонӣ бо асъори миллӣ  мубодила намудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур 16-уми майи соли 2024 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо моддаи 286 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакии он айни замон  давом дорад.

Зайниддинов   В.Д.

Ёрдамчии  калони прокурори

вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи 1 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь