Миллиардери амрикоӣ Илон Маск дар саҳифаи шахсиаш канслери Олмон Олаф Шолтс талаб кард, ки изҳороти ҳаҷвнигори олмонӣ Себастян Хотсро шарҳ диҳад. Ҳаҷвнигор дар шарҳи суиқасд ба ҷони номзад ба президентии Амрико Доналд Трамп навишт, ки суйиқасдро дастгирӣ мекунад ва марги худи Маск наздик аст:
-Нафаре, ки суиқасд ба номзади асосии президенти Амрикоро дастгирӣ мекунаду тахмин мезанад, ки марги ман наздик аст, аз ҷониби ҳукумати Олмон маблағгузорӣ мешавад! Ин чӣ маъно дорад? – нигоштааст милиардери амрикоӣ.
Ин вокуниши Маск ба шарҳи Себастян Хотс буд, ки дар шабакаи давлати Олмон, дар шабакаи «Радиои Берлин ва Бранденбурга» фаъолият дорад. Дар ин шарҳ Себастян аз марги эҳтимолии Илон Маск дар ҳолати пурасрор ҳарф мезанад.
Дар навбати худ канслери Олмон Шолтс ба ин навиштаи Маск то ҳол вокуниш нишон надодааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳангоми мулоқот бо интихобкунандагон ба ҷониби номзад ба президентии Амрико Доналд Трамп тир андохта шуд, вале қотил ба ҳадаф нарасид.Трамп аз гӯшаш тир хӯрд, вале муҳофизон ӯро зуд аз мулоқот берун бурданд. Бо вуҷуди он ки аз захми номзад ба президентии Амрико хуни бисёр рафт, ӯро баъди муоина аз беморхона ҷавоб доданд.
Нафаре, ки ҳуҷум карда буд, тавонист ба сӯйи Трамп чанд тир кушояд, аммо ба ҳадаф нарасид. Ин нафар бистсола буда,Томас Мэтю Крукс аз иёлоти Пенсилвания будааст. Ҳамчунин як нафар аз ширкаткунандагони мулоқот кушта шуда, ду нафари дигар шадидан захмдор шуданд.
Президенти Амрико Ҷо Байден ин ҳодисаро шарҳ дода, ваъда дод, ки ин сӯиқасд ба зудӣ кушода мешавад.Ҳамчунин, аз ҷомеа хоҳиш кард, ки то пайдо шудани далели аниқи вобаста ба ин ҳодиса аз ҳар гуна шарҳ худдорӣ кунанд.