«Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) барои дастгирии талошҳои мо оид ба рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон арҷ мегузорад»,- чунин гуфт Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим.
Ин гуфтаҳо дар мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер садо доданд.
Дар Тоҷикистон Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди ҶумҳурииТоҷикистон» тасдиқ гардидааст, чунки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар айни замон воситаҳои асосии навсозӣ дар соҳаи нақлиёт ҳастанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки Низоми электронӣ таҳия шудааст, ки шаффофият ва самаранокии раванди додани ҳуҷҷатҳои заруриро барои ҳамлу нақли автомобилӣ баланд мебардорад. Низоми мазкур равандҳои тиҷоратро автоматӣ намуда, суръати қабули қарорҳоро беҳтар месозад ва инчунин дастрасӣ ба иттилоотро барои интиқолдиҳандагон осон мегардонад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Сафири Иёлоти МуттаҳидаиАмрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи рақамисозӣ ва рушди логистика ҷиҳати густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии байниТоҷикистон ва Амрико изҳори омодагӣ намуданд.