Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон як зан сегоник таваллуд кардаст. Пизишкон саломатии сегоникҳоро хуб арзёбӣ карданд. Ҳарсеи сегоникҳо духтар мебошанд. Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон дар як тамоси телефони ба “Фараж” иттилоъ дод, ки дирӯз Бибилола Шоимардонова, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нави ноҳия дар Беморхонаи маркази сегоник таваллуд кард.
“Саломатии модару кӯдакон хуб буда таҳти назорати табибон мебошанд”,-гуфт сардухтур.
Ҳамчунин аз МИҲД-и ноҳия, ба дидори навзодон рафта ба модари сегоникҳо туҳфаи роҳбарияти ноҳияи Ёвон супоридаанд.
Блоки рекламавӣ