Дар назар аст, ки дар вилояти Хатлон аз ҷониби Корпоратсияи чинии “Datang” корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ бунёд карда шавад. Дар ин бора зимни мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо директори генералии Корпоратсияи чинии “Datang” дар Осиёи Марказӣ Ван Хао хабар дода шуд.
Давлаталӣ Саид зимни ин мулоқот тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чиниро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ арзёбӣ намуда гуфтааст: “Мо ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонем”.
Дар навбати худ, Ван Хао директори генералии Корпоратсияи чинии “Datang” дар Осиёи Марказӣ изҳор доштааст, ки ният доранд дар вилояти Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобиро, ки энергияи тоза истеҳсол мекунанд, таъсис диҳанд. Ӯ гуфт, ки Корпоратсияи чинии “Datang” 14 сол пайиҳам ба феҳристи “Fortune Global 500” шомил гардидааст.
Раиси вилояти Хатлон аз пешниҳоди таъсиси корхона ҷонибдорӣ намуда, зикр кард, ки пас аз боздид аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар минтақаҳо барои ҳалли ин кор мусоидат хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки корпоратсияи “China Datang” соли 2002 таъсис ёфта, имрӯз яке аз бузургтарин таъминкунандагони нерӯи барқ дар кишвари Чин маҳсуб меёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь