Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар дар назар аст, ки бо дастгирии шарикони рушд “Шаҳри бехатар” ташкил карда шавад. Аз МИҲД- и шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки ин кор бо ҷалби шарикони рушд амалӣ карда мешавад. 

Акнун дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои аввалин  маротиба “Шаҳри бехатар”  ташкил карда мешавад.

Гуфта шуд, ки арзиши эҳтимолии лоиҳаи “Шаҳри бехатар” аз 9-18 миллион доллари амрикоро ташкил медиҳад. Арзиши дақиқи лоиҳа баъди гузаронидани экспертизаи техникии лоиҳа муайян хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, шартномаи мазкур барои ҷорӣ намудани назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр пешбинӣ шудааст.

Хабар дода шуд, ки ҳоло дар  шаҳри Бохтар 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 123,7 миллион доллар амалӣ гашта истодааст.

Дар баробари ин, дар доираи 5 лоиҳаи сармоягузорӣ, дар самти таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, таҷдиди қубурҳои обу корез, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва варзишӣ бо маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ  оғоз хоҳанд шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь