Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян гаштааст, ки  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷӯрақулзода Абдумумин Мирзо, санаи таваллудаш 13 октябри соли 1995, миллаташ ӯзбек, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Дӯстӣ, Ҷамоати деҳоти Нури Вахш, деҳаи Ҷангалпарвар, ки қаблан  суд шудааст  хулосаи лозимӣ набароварда, ҷиноятҳои махусан вазнин, яъне роҳзанӣ ва қасди одамкуширо содир намудааст.

Номбурда бо мақсади роҳзанӣ  ва ба  ин васила ба даст овардани маблағи пулии муфт ба миқдори махсусан калон, шаби 14 ба 15 декабри соли 2023, шабона дар рӯй ниқоб кашида, бо корд  мусаллаҳ гардида , ғайриқонунӣ ба манзили истиқоматии ҳамдеҳаашон Усанов Абдурасул Халилович, ворид гардида, бо истифода аз корд нисбати мавсуф  таҳдиди зӯроварии барои ҳаёт ва саломати хавфнок намуда, аз номбурда маблағи пулӣ ба миқдори махсусан калон дар ҳаҷми 500 000 сомонӣ талаб намудааст.

Усанов А.Х. ба Ҷӯрақулзода А.М. муқобилият нишон дода, ҳангоми муноқиша ниқоби охирон  аз рӯяш афтида, шахсияти ӯ ба Усанов А.Х., ки ҳамсояш мебошад, маълум мегардад.Охирон бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти роҳзаниаш ва осон намудани содиркунии он, қасди аз ҳаёт маҳрум сохтани Усанов А.Х.-ро намудааст.

Ҷӯрақулзода А.М. бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷиноятии худ, яъне аз ҳаёт маҳрум сохтани Усанов А.Х. бо корди   бо худ дошташ ба узвҳои ҳаётан муҳими Усанов А.Х., бо корд зарба зада, ӯро аз пой афтонида,  новобаста аз иродаи худ қасди ҷиноятии худро ба анҷом нарасонида аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.

Баъди анҷоми тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ   ва ирсоли он ба суд,   судшаванда Ҷурақулзода Абдумумин Мирзо бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои «и,л» ва 249 қисми 4 бандҳои «б,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳгор  дониста шуда, бо  ҳукми суди вилояти Хатлон аз 29-уми майи соли равон  дар содир намудани ҷиноятҳои ишорашуда пурра  гунаҳгор дониста шуда, бо   дастрасии моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда, нисбати мавсуф ҷазои ниҳоӣ  дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 22 сол бо адо кардани ҷазо  дар калонияҳои  ислоҳии дорои низомашон  сахт таъин карда шудааст.

Зайниддинов   В.Д.

Ёрдамчии  калони прокурори

вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи 1                             

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь