Дар Тоҷикистон 1966 табиб намерасад. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора хабар дод. Абдуллозода гуфт, ки дар кишвар ҳамчунин 367 корманди миёнаи тиббӣ низ намерасад.
Бинобар гуфтаи Ҷамолиддин Абдуллозода айни ҳол дар кишвар 21 ҳазору 616 нафар табиб ва 62 ҳазору 485 нафар корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд.
Бояд гуфт, ки масъалаи норасоии кадрӣ ва аз кор рафтани кормандони тиб яке аз мавзӯҳои мубраме маҳсуб мегардад.
Қаблан дар нишасти матбуотие, ки моҳи феврали соли 2024 баргузор гардид Абдуллозода гуфта буд:
– «Мо 4 ҳазор нафар норасоии кадрӣ доштем. Айни замон, тибқи оморҳои пешакӣ, банд будани воҳидҳои кории табибон 91,2 % ва кормандони миёнаи тиббӣ 98,2%- ро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба соли пешин мутаносибан 3,5 ва 1,4% зиёд мебошад».