Аз тарафи прокуратураи ноҳияи Кӯшониён нисбати Ашуров Абдурасул Улҷабоевич , соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол”, деҳаи Пахтақайнар, ки дар вазифаи мутахассиси  кумитаи идораи замини ноҳияи Кӯшониён кор намуда , ба қаллобӣ, сохтакории хизматӣ  ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин  даст задааст бо моддаҳои 247  қисми 4 банди “б” ва ва 338 иловаи 1 қисми 2, бандҳои “а”, “б”, “в” ва 323-и  КҶ  Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз,  пас аз итмоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.            

Бо  ҳукми суди ноҳияи Кӯшониён аз 23 майи соли 2024 Ашуров А.У. бо моддаҳои зикршудаи кодекси ҷиноятӣ пурра  гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ ҷазои ниҳоӣ дар намуди   маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 бо адо намудани ҷазо дар колоннияҳои ислоҳии низомашон пурзӯр  бо маҳрум кардан  аз  ҳуқуқи  ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар мақомоти шаҳрак ва деҳот  ба мӯҳлати 7  сол таъин  карда шудаааст.

Зайниддинов   В.Д.

Ёрдамчии  калони прокурори

вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи 1 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь