Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон яке аз маъруфтарин муассисаҳои миёнаи касбии тиббӣ ба ҳисоб рафта, соли 1988 таъсис ёфтааст ва он дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи тибби ноҳияи Ёвон саҳми арзанда дорад. Масоҳати умумии Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон наздик ба 10 ҳазору 700 метри мураббаъ буда, бинои сеошёнаи ба талаботи замон мувофиқро дорад.

МДТ Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон дар тӯли 30 – соли Итиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 6000 ҳазор мутахассисони миёнаи тибро омода намудааст, ки онҳо дар аксари гӯшаву канори дунё ва ҷумҳуриамон фаъолият менамоянд. Мутахассисони омодашуда дар вазифаҳои масъул фаъолият намуда, бархе аз онҳо дорои унвонҳои номзадию профессорӣ мебошанд.

Роҳбарии ин муассисаи таълимиро марди кордону фидоии касб ва ташаббускор Савзаалӣ Азимзода бар дӯш дорад.

Аз таърихи ташкили коллеҷ

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон» дар асоси мактуби Вазорати тандурустии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳти № 15-6/1315 аз 8 июни соли 1988 ва қарори Кумитаи давлатии ИҶШС оид ба маорифи халқ таҳти № 92-04-889/8007 аз 31 маи соли 1988 «Оид ба   ташкили омӯзишгоҳи тиббӣ дар шаҳри Ёвон, вилояти Қӯрғонтеппа» дар базаи филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ва бинои беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон таъсис дода шудааст ва дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 148 аз 3 марти соли 2014 омӯзишгоҳ ба МДТ “Коллеҷи тиббӣ” табдил дода шудааст. Коллеҷ дар тобеияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ҳуқуқи додани дипломи маълумоти миёнаи тиббиро дорад. Дар асоси қарори иҷлосияи 14-уми Маҷлиси вакилони халқи н.Ёвон аз 28 марти соли 2018 таҳти № 691 ба тавозуни МДТ «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон» бинои озодшудаи шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон иборат аз 4 ошёна гузаронида шудааст. Асосгузор ва аввалин директори таълимгоҳ С.Ҳ.Ҳакимов буда, солҳои минбаъда бошад, мутахассисони варзидаи соҳаи тиб М.С.Ҷаборов, С.Г.Ғозиев, Р.Б.Шарипов роҳбарии таълимгоҳро ба уҳда доштанд, ки саҳми онҳо дар рушди фаъолияти ҳамаҷонибаи таълимгоҳ ниҳоят бузург аст.

Кадрҳои муассисаи таълимӣ

Дар муассисаи таълимӣ то давраи истиқлолият 21 омӯзгори асосӣ фаъолият менамуданд, алҳол бошад, дар коллеҷ зиёда аз 210 нафар кормандон фаъолият доранд, аз он ҷумла: 108 нафар омӯзгори асосӣ; 64 нафар омӯзгори соатбайъ; 38 нафарро аъзоёни роҳбарияти коллеҷ, кормандони хоҷагӣ ва ёрирасон ташкил медиҳанд.

Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон 1 нафар номзади илмҳои тиб ва 1 нафар номзади илмҳои педагогӣ буда, кор мекунанд.

Дараҷанокии омӯзгорон чунин мебошад: 5 нафар омӯзгори дорои тахассуси дараҷаи олӣ; 2 нафар тахассуси дараҷаи якум ва 6 нафар бо тахассуси дараҷаи дуюм фаъолият мекунанд.

Инчунин, дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон 2 нафар “Аълочии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 3 нафар “Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолият менамоянд.

Муҳассилини муассисаи таълимӣ

Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон шакли таълим рӯзона буда, шумораи муҳассилини коллеҷ 1399 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ҷумлаи онҳо 307 нафарашон писарон ва 1092 нафарашон духтарон мебошанд, 187 нафар тариқи буҷавӣ ва 1212 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Миқдори донишҷӯён то давраи истиқлолият ҳамагӣ 700 нафарро ташкил медод.

Тибқи шартнома дар Беморхонаи марказии ноҳия дар шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ, ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ, бемориҳои пӯст, таваллудхона, маркази беҳдошти  вогиршиносӣ, дармонгоҳ ва умуман ҳамагӣ 19 синфхона ҳамчун синфхонаи таълимӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин синфхонаҳо асосан дарсҳои амалию таҷрибавӣ гузаронида мешаванд, ки масоҳати умумии онҳо ба 527,9 метри мураббаъ баробар аст.

Номгӯи ихтисосҳои коллеҷ

Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо муҳлати таҳсили 4 сола, аз рӯи ихтисосҳои зерин: «Кори ҳамширагӣ» бо додани тахассуси «Ҳамшираи тиббӣ»; «Кори момодоягӣ» бо додани тахассуси «Момодоя» ва бо муҳлати таҳсили 3 сола, аз рӯи чунин ихтисосҳо: “Кори ҳамширагӣ” бо додани тахассуси “Ҳамшираи тиббӣ”; “Кори тиббӣ-ташхисӣ” бо додани тахассуси “Лаборант” ва “Кори фарматсевтӣ” бо додани тахассуси “Ёвари фарматсевт” мутахассисон тайёр карда мешаванд.

Дар муассиса аз соли 2014 тарзи кафедравии таълим ҷорӣ карда шудааст. Ҳоло дар коллеҷ 10 кафедра фаъолият менамояд, аз ҷумла кафедраҳои  “Гуманитарӣ”, “Таббии-риёзӣ”, “Забонҳо”, “Фармакология, гигиена ва асосҳои микробиология ”, “Морфологӣ”, “Кори ҳамширагӣ”, Кафедраи “Ҷарроҳӣ”, “Терапия”, “Акушерӣ гинекологӣ”ва “Тарбияи ҷисмонӣ ва мудофияи шаҳрвандӣ”. Роҳбарии кафедраҳоро омӯзгорони дорои дараҷаи баланди тахассусӣ ва ҷавонони лаёқатманд ба уҳда доранд. Ҳамчунин, дар коллеҷ Маркази ҷамъоварӣ ва тайёр намудани гиёҳҳои шифобахш ташкил карда шудааст. Дар ҳамкорӣ бо Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ донишҷӯёни факултаи «Дорусозӣ» – и коллеҷ тарзи истеҳсол ва тайёр намудани қуттиҳои гиёҳҳои шифобахшро роҳандозӣ менамоянд.

Пояҳои моддӣ – техникии муассиса

Дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии коллеҷ ҳамаи синфхонаҳо бо системаи гармидиҳӣ таъмин карда шуда, фаршҳои он бо линолиум пӯшида шудаанд. То инҷониб 43 адад компютер дар синфхонаҳои компютерӣ мавҷуд аст, 26 адад тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо харидорӣ гардидаанд. 4 адад ноутбук, 8 адад нетбук, 129 адад компютер, 15 адад принтер, 10 адад нусхабардор барои синфхонаҳо харидорӣ карда шуда, мавриди истифодаи муҳассилину омӯзгорон қарор доранд.

Таҷрибаомӯзии муҳассилин

Таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии донишҷӯён ҳамасола дар асоси Барномаи таълимӣ суръат мегирад. Оиди гузаштани машғулиятҳо, таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ коллеҷ бо Беморхонаи марказии ноҳия, Сохтори кӯмаки аввалияи тибби санитарӣ, Маркази санитарию эпидемиологии ноҳия, Маркази стомотологӣ, Маркази тропикӣ, Маркази “Ташаккули тарзи ҳаёти солим” ва Муассисаи давлатии «Хона – интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон» шартномаи тарафайни ҳамкорӣ дорад.

Бо дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар Шӯрои омӯзгорӣ аз санаи 13 августи соли 2020 кафедраи «Кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳӣ» кушода шуда, тасдиқ гардид. Барои боз ҳам хубтару беҳтар роҳандозӣ намудани машғулиятҳои таълимиву амалӣ 2 синфхонаи дигар дар шуъбаҳои Маркази “Ташаккули тарзи ҳаёти солим» ва шуъбаи «Гастроэнтериологӣ» аз фанни «Кори ҳамширагӣ дар терапия» кушода шуданд. Мавриди зикр аст, ки дар шуъбаҳои БМН, КАТС, МДНСЭ ва Хона – интернати пиронсолон ва маъюбони н.Ёвон барои гузаронидани машғулиятҳои таълимиву амалӣ 14 синфхона мавҷуд буда, донишҷӯёни коллеҷ дар онҳо дониш азхуд мекунанд.

Дастовардҳои омӯзгорон ва муҳассилин

Муҳассилини коллеҷ дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 26 апрели соли 2019 дар Коллеҷи технологӣ-омӯзгории н. Рӯдакӣ баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд. Дар озмуни мавриди назар, муҳассилини коллеҷ: Боева Фирӯза аз фанни “Забони русӣ” ҷойи 3 – юм, Файзуллоев Беҳрӯз аз фанни “Таърихи халқи тоҷик” ҷойи 3 – юм ва Бегзода Малика аз фанни “Биология” ҷойи 3 – юмро ишғол намуда, бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Мутобиқи нақша чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия миёни коллеҷҳо ва литсейҳо дар қисми ҳарбии 6593 озмун гузаронида шуд, ки дар озмун донишҷӯёни муассиса иштирок карда, сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Инчунин, бахшида ба “Рӯзи модар” дар маркази ноҳия озмуни волейболбозон дар байни духтарон баргузор гардид, ки дар ин озмун донишҷӯдухтарони коллеҷ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гардиданд.

16-уми майи соли 2021 бахшида ба “Рӯзи дави миллӣ” дар ноҳия аз ҳисоби омӯзгорону донишҷӯён 450 нафар иштирок намуданд, донишҷӯдухтарони коллеҷ Зулфиқорова М. ва Қурбонзода Д. сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Омӯзгорони коллеҷ Эмомназаров У. сазовори ҷойи 1-ум, Содиқов Ш. ҷойи 2-юм ва Абдуллоев С. ҷойи ифтихориро ишғол намуданд. Ҳамаи онҳо аз ҷониби раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода бо сипоснома ва туҳфа қадрдонӣ шуданд. Санаи 22-уми майи соли равон дар МТМУ №75-и Ёвон озмуни ноҳиявии “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида шуд, ки дар он аз Коллеҷи тиббӣ 5 нафар донишҷӯ ва 4 нафар омӯзгор аз фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ иштирок намуданд. Иштирокчиёни ин озмун Ғиёсов Маъруф аз фанни георафия, Исмоилзода Ҳадисамоҳ аз фанни алгебра, Каримова Гулшода аз фанни физика ва Файзуллоев Беҳрӯз аз фанни биология сазовори ҷойҳои 1-ум ва Қаюмов Муродбек аз фанни химия сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Омӯзгорон Эмомназаров Умед аз фанни физика сазовори ҷойи 2-юм, Назаров Суҳайлӣ аз фанни алгебра сазовори ҷойи 2-юм, Садиқов Шамсиддин аз фанни информатика сазовори ҷойи 1-ум ва Шамсиев Файзалӣ аз фанни физика сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.

Илова бар ин, донишҷӯёни коллеҷ ҳамасола дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…”, Спартакиадаи умумиҷумҳуриявии таълимгоҳҳои миёнаи тиббӣ ва Олимпиадаи касбии таълимгоҳҳои миёнаи тиббӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.

Фаъолияти китобхонаи муассиса

Фаъолияти китобхонаи муассиса тибқи нақшаи корӣ ва Низомномаи китобхона ба роҳ монда шуда, дар он қироатхона иборат аз 50 ҷойи нишаст мебошад. Ҳамарӯза донишҷӯён дар толори китобхона ба  мутолиаи адабиёти таълимӣ, тахассусӣ ва мухталиф машғул гашта, ҳамчунин аз китобхонаи электронӣ пурсамар истифода мебаранд.

Айни замон, хазинаи китобхонаи коллеҷ 16347 адад китобро ташкил медиҳад, аз ҷумла: тахассусӣ – 10886 адад; таълимӣ – 2457 адад; методӣ – 222 адад; бадеӣ – 2618 адад; адабиёти сиёсӣ ва фарҳангӣ – 164 адад.

Дар китобхона ҳамчунин маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ, ки коллеҷ ба онҳо обуна мебошад мавҷуданд ва омӯзгорону донишҷӯён онҳоро пайваста мутолиа мекунанд.

Ҳамчунин, дар коллеҷ китобхонаи электронӣ ташкил карда шудааст, ки бо 17 адад компютер ва 1 адад принтер таъмин карда шудааст. Компютерҳои китобхона бо хати Интернет пайваст мебошанд, ки донишҷӯён аз он васеъ истифода мебаранд. Хазинаи китобхонаи электронӣ зиёда аз 181 адад китобҳоро дар шакли электронӣ, филмҳои таълимӣ, маводи лексионӣ дар шакли презентатсияҳо ва модулҳои таълимӣ, маҷмуи саволҳои тестиро дар бар мегирад, ки донишҷӯён ҳамарӯза аз он васеъ истифода мебаранд.

Бозомӯзии омӯзгорон

Дар таълимгоҳ ба такмили ихтисос ва бозомӯзии ҳайати омӯзгорону кормандон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳамасола тибқи нақшаи дурнамои такмили ихтисоси омӯзгорону кормандон, онҳо дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз такмили ихтисос мегузаранд. Аз тарафи омӯзгорони коллеҷ мансуб ба системаи кредитӣ дар курсҳои якум силлабусҳо ва маводҳои дарсӣ, модулҳои таълимӣ аз фанҳои «Забон ва адабиёти тоҷик», «Забон ва адабиёти рус», «Кимиё», «Биология», «Алгебра», «Таърихи халқи тоҷик», «Геометрия», «Физика», «География», «Забони англисӣ», «Диншиносӣ», «Тарбияи ҷисмонӣ», «Забони лотинӣ», «Кори ҳамширагӣ», «Информатика», «Консепсияи табиатшиносии муосир», «Биофизика», «Биология бо асосҳои генетика», «Анатомияи одам», «Фармакология», «Физиология» умуман дар ҳаҷми 82 адад тайёр карда шудааст.

Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон баҳри беҳтар намудани раванду сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим ва омодасозии мутахассисони тиббӣ ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ ҳамкории пурсамарро ба роҳ мондааст.

Аз он ҷумла коллеҷ бо МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, бо кафедраҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ДДТХ, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ,  Донишгоҳи омӯзгории ба номи Носири Хисрав ва муассисаҳои тиббӣ нисбати омодасозии Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи тиббӣ ва ихтисосҳои алоҳида, нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои алоҳидаи таълимӣ, таҳияи адабиётҳои таълимӣ, ташкил, омодасозӣ ва иштирок намудан дар конфронсу семинарҳои илмӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани Олимпиадаҳои донишҷӯён, табодули таҷрибаи омӯзгорон ва зерсохторҳо, такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон, таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳо ҳамкории пурсамар дорад.

Ба ҷои охирсухан

Дар фароварди суҳбат, Савзаалӣ Азимзода, директори Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон иброз дошт, ки “Мо ҳайати кормандону омӯзгорон дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро мунтазам эҳсос менамоем ва ин моро водор месозад, ки дар ҷавоб ба ҳамаи ин ғамхориҳо боз ҳам беҳтару хубтар меҳнат намуда, мувофиқи талаботи замон баҳри беҳтар намудани пояи моддӣ-техникии таълимгоҳ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ кӯшиш ба харҷ бидиҳем”.

– Мо ҳайати омӯзгорони Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон бо азми қавӣ Ҷашни фархундаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои сазовору арзанда пешвоз мегирем ва ман аминам, ки дастовардҳои мо дар ин самт ин туҳфаи хубе ба ин Ҷашни бузург хоҳад буд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь