Хабарнигори МТЖТ бо мақсади аз рафти фаъолияти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бохабар гардидан, бо Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода суҳбат намуд. Дар оғоз номбурда қайд намуд, ки ҷиҳати дармонбахшӣ ва ҳифзи солимии ҷомеа махсус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ намуда, ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҳамаҷониба назоратро пурзӯр намуда, барои беҳдоштӣ ва ҷомеаи солим содиқона хидмат намоед ва ҳамчунин, ин гуфтаи Пешвои миллат“Солимии миллат боигирии давлат аст” дастуру ҳидоятгари фаъолияти ҳамешагии мо мебошад.

Султон Бекмуродзода дар идома изҳор дошт, ки Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва дастурҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, тибқи Низомномаи Хадамот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.17, №597 тасдиқ гардидааст, дар шаш моҳи соли 2021 корҳои зеринро ба анҷом расонид.

Нақшаи санҷишӣ ва саволномаи санҷишӣ барои соли 2021 дар субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсози Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар муассисаҳои давлатӣ аз ҷониби сардори Хадамот тасдиқ шуда, фаъолияти санҷишии Хадамот дар асоси онҳо ба роҳ монда шуд.

Дар ин давра дар умум аз ҷониби Хадамот дар 1033 адад муассисаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фармасевтӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ санҷишҳо гузаронида шуданд. Аз инҳо 919 адад санҷишҳои нақшавӣ ва 114 адад санҷишҳои ғайринақшавиро ташкил медиҳанд. Илова бар ин, 179 адад санҷишҳои муштарак дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шудаанд. Вобаста ба камбудиву норасоиҳои ошкоргардида ҳангоми гузаронидани санҷишҳои болозикр чораҳои мушаххас андешида шуданд.

Назорати давлатии фаъолияти тиббӣ

Дар 335 адад муассисаҳои тандурустӣ санҷишҳо гузаронида шуданд. Аз ин миқдор 264 адад санҷишҳои нақшавӣ ва 71 адад санҷишҳои ғайринақшавиро ташкил медиҳанд. Илова бар ин, санҷишҳои муштарак дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 31 адад гузаронида шудаанд. Вобаста ба камбудиву норасоиҳои ошкоргардида, ҳангоми гузаронидани санҷишҳо чораҳои зерин андешида шудаанд:

— нисбати 179 нафар кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҷозоти маъмурӣ ба маблағи 166 400 сомонӣ тариқи ҷаримабандӣ татбиқ карда шудаааст;

— барои андешидани чораҳои интизомӣ нисбати 212 нафар кормандони тандурустӣ пешниҳодҳо манзур карда шудаанд;

— барои номуносиб будан ба вазифаи ишғолнамуда нисбати 23 нафар кормандони тандурустӣ пешниҳодҳо манзур карда шудаанд;

— барои боздиди дараҷанокии тахассусӣ нисбати 11 нафар кормандони тандурустӣ пешниҳодҳо манзур карда шудаанд;

— муваққатан боздошт намудани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ 3 адад.

Танзими фаъолияти хусусии тиббӣ

Айни ҳол 719 адад муассисаҳои хусусии тиббӣ (353 адад шахсони ҳуқуқӣ бо 62 филиал ва 304 адад шахсони воқеӣ) фаъолият мекунанд:

— шаҳри Душанбе — 206 адад (бо 10 филиал);

— шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 106 адад (бо 8 филиал);

— вилояти Суғд — 263 адад (бо 35 филиал);

— вилояти Хатлон, аз ҷумла, минтақаи Бохтар — 82 адад (бо 7 филиал);

— минтақаи Кӯлоб — 52 адад (бо 2 филиал);

— ВМКБ — 12 адад.

Муассисаҳои бисёрсоҳавӣ бо статсионарҳо дар ҷумҳурӣ 92 ададро ташкил намуда, аз 2254  кат иборат мебошанд.

Дар муассисаҳои хусусии тиббӣ ҳамагӣ 4756 нафар кормандон фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, 1 904 нафар табибон, 1 840 нафар кормандони миёнаи тиб, 1012 нафар кормандони ёрирасон. Аз ин шумора 19 нафарашонро мутахассисони хориҷӣ ташкил медиҳанд: 6 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, 3 нафар табиб ва 1 нафар фелдшер аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, 6 нафар аз Ҷумҳурии Ҳиндустон, 2 нафар аз ИМА, 2 нафар аз Федератсияи Русия.

Назорати давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Шумораи санҷишҳои нақшавӣ 21 адад, нисбати 41 нафар кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҷозоти маъмурӣ ба маблағи 47400 сомонӣ тариқи ҷаримабандӣ татбиқ карда шудаааст.

Дар асоси супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи омодабошӣ ва барои таъмини самараноки хизматрасонии тиббии шабонарӯзӣ ба аҳолии шаҳр ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 150 муассисаи тиббӣ мониторинг ва рейдҳои шабона гузаронида шудаанд.

Дар шаш моҳи соли 2021 Хадамот тавассути васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ дар 8 ҳолат баромаду мусоҳибаҳо ташкил намуда, мақолаҳо ба нашр расонида шудаанд.

Назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ

Дар шаш моҳи соли 2021 дар самти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ корҳои зерин ба анҷом расонида шудаанд.

Вобаста ба омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот:

  1. Дар бахши маводи доруворӣ. Дар ҷумҳурӣ воридоти маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ маблағи умумии 604 732 434 сомонӣ баробар ба 55 699 192 $-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла:

— ёрии башардӯстона — 205 599 102 сомонӣ, бо доллар 20 435 907 $;

— барои хариду фӯруш — 376 016 383 сомонӣ, бо доллар 33 220 005 $;

— бо мақсади истифодабарӣ — 23 116 949 сомонӣ, бо доллар 2 043 280 $.

Содирот бошад, ба маблағи 14 086 139 сомонӣ баробар ба доллар 1 238 321$ амалӣ карда шудааст.

  1. Дар бахши маводи ороишӣ — гигиенӣ. Дар шаш моҳи соли 2021 рухсатномаҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дода шудааст, ки маблағи умумии онҳо ба 322 680 186 сомонӣ бо 28 494 070. 68 доллари ИМА баробар аст.

Дар бахши моддаҳои нашъаовар ва психотропӣ. Дар шаш моҳи соли равон 15 шаҳодатнома барои воридоти маводи нашъадор ва психотропӣ дода шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Хадамот аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои лозима барои аз қайди давлатӣ гузаштани маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, иловагиҳои ғизоӣ ва маводҳои косметикӣ пешниҳод карда шудаанд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо таҳти омӯзиш ва таҳлил қарор дода, ба 389 номгӯи онҳо шаҳодатномаи сабти давлатӣ тайёр карда, супорида шудааст, ки аз он 307 адад шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои маводи доруворӣ, 43 адад шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои молҳои тиббӣ, 38 адад шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои иловаҳои фаъоли биологӣ, воситаҳои гомеопатӣ ва 1 шаҳодатномаи сабти давлатии воситаҳои косметикӣ, синтетикӣ, шустушӯй ва безараркуниро ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2800 муассисаи фармасевтӣ фаъолият менамояд: дар шаҳри Душанбе 543 муассисаҳои фармасевтӣ, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 414 муассисаҳои фармасевтӣ, дар вилояти Хатлон — минтақаи Бохтар 550 муассисаҳои фармасевтӣ, дар минтақаи Кӯлоб 317 муассисаҳои фармасевтӣ, дар вилояти Суғд 914 муассисаҳои фармасевтӣ, дар ВМКБ 62 муассисаҳои фармасевтӣ.

Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда дар шаш моҳи соли 2021 бо 297 қарор фаъолияти 320 муассисаҳои фармасевтӣ, бо 111 қарору фармоиш 111 муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва дар асоси 197 қарор 267 нуқтаи савдои маводҳои ороишию гигиениро зери назорат қарор додааст. Дар умум санҷишҳои болозикр 698 ададро ташкил дода, аз ин 655 адад санҷишҳои нақшавӣ ва 43 адад санҷишҳои ғайринақшавиро дар бар гирифтаанд. Инчунин, дар асоси 25 мактуби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар 148 муассисаи фармасевтӣ дар якҷоягӣ бо кормандони мақомот санҷишҳо гузаронида шудаанд.

Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 763 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 43895 адад аз муомилот гирифта шудаанд, ки аз инҳо 440 номгӯй маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта, ба миқдори 2297 адад, 310 номгӯй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 3979 адад ва 13 номгӯй маводи дорувории ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯй набуда, ба миқдори 37619 ададро ташкил мекунад.

Инчунин, мувофиқи мактубҳои КВД «ЭОМФТ»-и Хадамот бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ (ҲМТ) дар вақти воридот 6 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 25101 адад тибқи санад гирифта шудаанд.

Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳангоми санҷишҳо аз нуқтаҳои савдои маводҳои ороишию гигиенӣ 127 номгӯй маводҳои ороишию гигиении муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ба миқдори 3901 адад аз муомилот дар асоси санад бозпас гирифта шудаанд.

Дар шаш моҳи соли 2021 аз тарафи шуъбаҳои Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамот ва дар вилоятҳо буда 44873 кг маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботҳо ҷавобгӯй набуда бо роҳи сӯзондан несту нобуд карда шудаанд.

Дар шаш моҳи соли 2021 аз тарафи шуъбаҳои назоратии Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 218 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводҳои ороишию гигиенӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 620 340 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд.

Дар шаш моҳи соли 2021 баҳри бартараф намудани камбудиҳо аз тарафи шуъбаи Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 1 амрнома дода шуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳо ҷавоб гирифта шудааст.

Шуъбаи назорати фармакологии маводи дорувории Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаш моҳи соли 2021 дар асоси сархати 18, қисми 1, моддаи 6 ва моддаи 29-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», бо мақсади таъмини бехатарии ҳифзи саломатии омма, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири номатлуб ва аксуламали иловагии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, инчунин баланд бардоштани дараҷаи сифатнокии маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар бозори фармасевтӣ, муайян намудани судмандии маводҳои доруворӣ ва ба танзим даровардани онҳо, фармоиш аз 7-уми январи соли 2021, №09 «Дар бораи тартиби гузаронидани назорати фармакологӣ» ва фармоиши Вазорати тандурустӣ аз 4-уми марти соли 2021, №197 «Дар бораи иҷроиши сархати 18, қисми 1, моддаи 6 ва моддаи 29-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» бо пешниҳоди шуъба тасдиқ карда шудааст.

Қайд намудан лозим аст, ки шуъба бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Маркази тадқиқотии Уппсала оид ба мониторинги байналмилалии маводҳои доруворӣ ҳамкории худро барқарор намуда, кору фаъолият намуда истодааст.

Дар 6 моҳи соли 2021 гирифтани ҳисоботҳои кварталӣ оид ба таъсири иловагӣ ва ё бесамар будани таъсири маводи доруворӣ, таъсири манфии таҷҳизоти тиббӣ аз муассисаҳои фармасевтӣ, намояндагони тиббии корхонаҳои истеҳсолии фармасевтии дохилию хориҷӣ ва дигар муассисаҳое, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, гирифта шуда, баррасӣ шудаанд.

Аз тарафи мутахассисони шуъба дар якчанд муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Душанбе мониторинг нисбати бехатарӣ, судмандӣ ва таъсири иловагии маводи доруворӣ гузаронида шуда, бо корти зард (оид ба ахбори аксуламали иловагӣ ё ин ки надоштани судмандии маводи доруворӣ) таъмин карда шудаанд.

Иштироки фаъолона дар дарсҳо ва вебинарҳо нисбати бозомӯзии гузаронидани назорати фармакологӣ ва барои зич намудани ҳамкорӣ бо марказҳои тадқиқотии байналмилалӣ кор ва фаъолият намуда истодааст.

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ» ва корхонаҳои воҳиди давлатии дар вилоятҳо будаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар шаш моҳи соли 2021-ум 18808 адад маводи дорувориро аз санҷиш гузаронидаанд, ки аз онҳо 17158 адад аз воридот, 108 адад аз муассисаҳои фармасевтӣ аз муомилот гирифта шудаанд. Маҳсулоти аз ташхис гузашта 726 намуна истеҳсоли ватанӣ (3-тояш барои содирот), 675 бақайдгирӣ, 659 намуна аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 1148 адад ёрии башардӯстонаро ташкил медиҳад.

Аккредитатсияи муассисаҳои тандурустӣ

Нақшаи кории Маркази аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ барои соли 2021 таҳия ва аз ҷониби сардори Хадамот тасдиқ карда шудааст.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар асоси нақшаи мазкур дар 8 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла Маркази саломатии ноҳиявии ноҳияи Рӯдакӣ, Маркази саломатии шаҳрии шаҳри Ҳисор, муассисаҳои хусусии тиббӣ-стоматологии ҶДММ «РАДДОД», ҶДММ «Зарафшон дента», ҶДММ «Ориён дента», ҶДММ “МТТ 25”-и шаҳри Душанбе, ҶДММ “Маркази ворисони Сино”-и шаҳри Душанбе, ҶДММ “Марди солим”-и шаҳри Душанбе ва ғайра расмиёти аккредитатсия гузаронида шудааст.

Ҳуҷҷатҳои 28 муассисаҳои аз аккредитатсияи тиббӣ гузаронидашуда барои баррасӣ ба Шӯрои аккредитатсионии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.

Муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

Дар давраи ҳисоботӣ ба Хадамот дар умум 2003 адад муроҷиатҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидаанд, ки 553 ададашонро муроҷиатҳои хаттӣ, 1447 ададашонро электронӣ (равзанаи ягона), 3 ададашонро шифоҳӣ ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 1914 адад аз шахсони ҳуқуқӣ ва 89 адад аз шахсони воқеӣ мебошанд.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 1994 ададашон баррасӣ гардида, ба муаллифони онҳо ҷавобҳои дахлдор дода шудааст.

Бахтиёр АЛИМОВ, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here