Мусоҳибаи Шервони Умриддин бо урологандролог, эндоуролог, мудири шуъбаи бистарии Бемористони байналмилалии Ибни Сино, номзади илмҳои тиб Абдусамад Абдувоҳидов.

Безурётӣ чист?

-Набудани ҳомиладорӣ дар ҷуфтҳои синни репродуктивӣ, дар давоми як соли зиндагии якҷоя бо вуҷуди алоқаи муназзами ҷинсӣ, безурётӣ номида мешавад. Дар ҳолати физиолоҷӣ дар ҷуфтҳои солим дар давоми се моҳи аввали хонадорӣ эҳтимолиятии ҳомиладорӣ 75 дарсадро ташкил медиҳад.

Сабабҳои пайдошавии безурётии мардонро номбар кунед.

Безурётии мардон, ки тахминан 40 дарсадро ташкил медиҳад сабабҳои гуногун доранд: ихтилолоти ҳормоналӣ, аномалияҳои модарзодии узвҳои ҷинсӣ, варикоселе, бемориҳои сироятиву илтиҳобии простат ва узвҳои ҷинсии мардон, дисфунксияи эректилӣ ва омосҳои узвҳои ҷинсии мардон. Баъзан, новобаста ба солимии тиббӣ – иҷтимоии зану мард ҳам, безурётӣ вомехурад, ки инро безурётии идеопатикӣ, яъне сабабаш номаълум мегӯянд.

Намудҳои безурётӣ кадомҳоянд?

-Аз ҷиҳати аломатҳои функсионалӣ намудҳои зерини безурётии мардон мавҷуданд:

  1. Секреторӣ – ин намуди безурётии мардон дар натиҷаи мавҷудияти ихтилолот дар марҳилаи ҳосил ва рушди сперматозоидҳо дида мешавад. Сабаби ин намуди безурётӣ метавонад модарзодӣ (ихтилолоти хромосомавӣ, мутатсияи генӣ…) ё касбшуда (варикоселе, бемориҳои сироятию илтиҳобии узвҳои ҷинсӣ дар кӯдакӣ ва давоми умр, диабети қанд, фарбеҳӣ) бошад.
  2. Намуди экскреторӣ дар натиҷаи ташаккулёбии монеаҳо дар роҳҳои нутфагузар мушоҳида мешавад ва ба таври механикӣ басташавии роҳи нутфаро ифода мекунад. Дар мавридҳои ҷой доштани часпандагиҳо дар зоиди тухм, ки барои ҳамроҳ шудани сперматозоид ба оби манӣ мушкил эъҷод мекунад, низ вомехурад.
  3. Безурётии аутоиммунӣ – дар баъзе мавридҳо дар бадани мардон подтанҳо ба муқобили сперматозоиди худӣ (антиспермальные антитела) пайдо мешавад, ки боиси сустшавии ҳаракати нутфа ва ҳатто то ба нобудсозии сперматозоид оварда мерасонад.
  4. Намуди омехта – ин намуди безурётии мардон сабабҳои гуногунро дорад. Дар мисол, вайроншавии марҳилаи рушди сперма ва мавҷудияти илтиҳоб дар узвҳои ҷинсии мардон (дар мисоли простатит) дар якҷоягӣ метавонад сабаби безурётӣ гардад.

Тамоку кашидан ё майли зиёд доштан ба машруботи спиртӣ ба безурёти чӣ таъсир дорад?

-Истифодаи тамоку ва машруботи спиртӣ боиси ихтилолоти ҳормонҳо ва афзоиши триглисеридҳо мегардад, ки ин дар навбати худ ба ҳолати репродуктивии мардон таъсири манфӣ гузошта, сабаби косташавии фаъолияти нутфа мегардад. Машруботи спиртӣ бахусус ба миқдор, ҳаракатнокӣ ва сохти морфологии нутфа таъсири манфӣ расонида, ҳамзамон боиси паст шудани потенсия мегардад. Тамоку бошад ба миқдор ва ҳаракатнокии нутфа ихтилол ворид карда, илова бар ин барои аномалияи инкишофи узвҳо замина мегузорад.

Ташхис ва табобаташ чӣ гуна аст?

-Ташхиси безуриётии мардон дар асоси як қатор таҳлилу озмоишот гузаронида мешавад, ки одатан ба марҳилаҳо таксимбандӣ шудааст. Усули асосии ташхиси безурётии мардон ин озмоиши сперма мебошад. Табобати безурётии мардон дар асоси ташхиси дақиқ гузаронида мешавад. Вобаста ба намудҳои зикршуда табобат фармуда мешавад. Қобили қайд аст, ки барои ташхису табобат саҳми мутахассис – андролог хело муҳим аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь