Перомуни вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар ноҳияи Ёвон гузориши навбатии хабарнигори “МТЖТ” манзури хонандагони ҳафтаномаи “Самак” мегардад.

Гузориши мазкур дар асоси маълумотномаи пешниҳоднамудаи роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Ёвон Ашуров Муминҷон Норбоевич омода гардидааст.

 Миллати солим — бунёдгари давлати солим

Чӣ тавре, ки дар оғози суҳбат Ашуров Муминҷон ба мо иттилоъ дод, Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шаҳрвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Ин аст, ки дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш аҳамияти хосса зоҳир мегардад.

Ҳоло Тоҷикистон нисбат ба баъзе давлатҳо дар ворид намудани технологияи инноватсионӣ хеле пеш рафтааст. Ҳамакнун, дар кишварамон қариб ҳама намуди ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Имрӯз дар муассисаҳои тиббӣ як қатор усулҳои нави табобат мавриди истифода қарор гирифтаанд. Маҳз, ворид намудани технологияи нав буд, ки миқдори шаҳрвандони кишвар, ки барои табобат ба мамлакатҳои хориҷӣ мерафтанд, солҳои охир хеле коҳиш ёфтааст.

Тавъам ба ин ислоҳоту дастовардҳо тайи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун муассисаҳои соҳаи тандурустиву тиббӣ аз таъмиру тармими куллӣ бароварда шуда, инчунин дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатии замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд беморхонаву дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ далел ба гуфтаҳои боло мебошад.

Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ёвон баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сазовор ҷашн гирифтани санаи таърихии 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.

Дар идомаи суҳбат мавсуф  иброз намуд, ки шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ёвон аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон тибқи тартиби муқарраргардида таъсис дода шуда, он муассисаҳои тиббию профилактикиро ба ҳам сарҷамъ намуда, ба аҳолии ноҳияр кумаки аввалияи тиббию санитарии саривақтӣ мерасонанд.

 Татбиқи нақшаҳои тахассусӣ

Кормандони муассисаҳои шабакаи КАТС дар 6 моҳи соли ҷорӣ фаъолияти худро мутобиқи қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору амру фармоишҳои Раиси ноҳияи Ёвон ба роҳ монда, корҳои пешигирию табобатӣ ва як қатор корҳои ободонию таъмириро роҳандозӣ намудаанд. Чунончӣ, дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ёвон ҳамагӣ 76 муассисаи профилактикӣ; 5 маркази ёрирасон; Маркази саломатии ноҳиявӣ, Маркази тибби оилавӣ, Маркази солимӣ-репродуктивӣ, Маркази ҳамбастаги бемориҳои кӯдакона ва Маркази ҷавонон, 31 маркази саломатии деҳот, 40 бунгоҳи саломатӣ ва 7 нуқтаи тибби ба аҳолӣ хизматӣ тиббӣ мерасонанд, ки дар онҳо 622 нафар кормандон кор ва фаъолият мекунанд.

Аз инҳо: 80 нафар табиби маълумоти олидор, 402 нафар корманди миёнаи тиб, 103 нафар корманди хурди тиб ва 37 нафар корманди ҳархела мебошанд.

Дар давоми 6 моҳ 36 нафар табиб ва 132 нафар ҳамшираи тиб аз  семинар-омӯзишҳо гузашта, инчунин 2 нафар табиб ва 58 нафар ҳамшираи тиб аз такмили ихтисос гузаштаанд.

Дар 6 моҳи соли 2021 дар ноҳия 2722 нафар навзод таваллуд шудаанд, ки нишондоди таваллуд 10,4 % (промил)-ро ташкил медиҳад ва аз инҳо 12 нафар кӯдак дар хона таваллуд шудаанд, ки нишондоди таваллуди хонагӣ 0,4%-ро ташкил мекунад. Дар  шуъбаҳои таваллудхонаи ноҳия бошад, 3186 нафар кӯдак таваллуд гардидаанд, ки нишондоди таваллуд беморхонагӣ  99,6% -ро ташкил медиҳад.

Қобили тазаккур аст, ки ҳамагӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ 4028 нафар аз муоинаи ВНМО гузаштаанд. Дар ҳамин ҳол, гузаштани занҳои ҳомиладор аз муоинаи ВНМО 98%-ро ташкил медиҳад. Захираи тестҳои оҷилӣ барои занони ҳомиладор айни ҳол 900 донаро ташкил медиҳад.

Маркази солимии репродуктивӣ

Тибқи маълумоти омории Маркази солимии репродуктивӣ дар ноҳия 59819 нафар занҳои қобили зоиш мавҷуд буда, дар моҳи июн 619 зани ҳомила ба қайд гирифта шудаанд, аз инҳо то 12 ҳафтаина 590 нафар ё 94,4% ташкил медиҳад. Айни ҳол 3228 нафар занҳои ҳомиладор дар қайд мебошанд. Бақайдгирии занҳои ҳомиладори то 12 ҳафта 91,6% ташкил медиҳад.

Ҳамагӣ маводгирандагони ҳамли номатлуб 20143 нафарро ташкил дода, маҷмуан дар моҳи июни соли ҷорӣ ба 586 нафар занҳои қобилияти зоиш маводи пешгирии ҳамли номатлуб гирифтаанд.

Маркази имунопрофилактикӣ

Маркази имунопрофилактикаи ноҳия ҳамаи ваксинаҳоро сари вақт таъмин намуда, ваксинаҳои БСЖ, ОПВ, Пентивалент, АКДС, сурхакон, баногӯшак ва гулафшонро ба миқдори 46,3% нақшаи иммунизатсияро иҷро намудаанд. Дар моҳи феврал дар рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зиддибемории фалаҷ (ИПВ) 15573 нафар кӯдакон барои эмбандӣ ба нақша гирифта шуда буд ва фоизи эмбандии кӯдакон 99,8% -ро ташкил дод, ки аз ҳисоби фоизи эмнашудагон 21 нафар дар хориҷи кишвар мебошанд. Дар моҳи апрел бошад, ҳамаи кӯдакони иммунизатсияшавандаи 0-5 сола аз мониторинг гузаронида шуданд. Дар моҳи июн, дар рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ (ОПВ)  41254 нафар кӯдак барои эмбандӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин миён 99,6% эмбандӣ гардиданд. Аз инҳо 180 нафарашон берун аз ноҳия ва дар хориҷи кишвар мебошанд.

Дар моҳи июни соли 2021 ҷиҳати фарогирӣ ба ваксинаи зидди Ковид 19 аз тарафи кормандони соҳаи тандурустӣ 2035 нафар ба нақша гирифта шуда буданд, ки аз инҳо ба 934 нафар ваксина гузаронда шуд, ки 46%-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Маркази ҳамбастагии бемориҳои қӯдакона ҳар моҳ ҳисоботро оиди бемориҳои кӯдакона ба қайд гирифта, дар ҳамаи муассисаҳо ҳуҷра ва нуқтаҳои обнӯшонии доимоамалкунанда фаъолияти худро давом дода истодаанд. Дар 6 моҳи соли 2021 ба миқдори 7474 дона халтачаҳои регидрон, 2585 дона ҳаби синк, 5011 дона ғилофакҳои витамини А (100 ҳазора ВБ) барои кӯдакони аз 6 то 11 моҳа, Амоксисилин 4000, Амоксисилин (суспензия) 110 ва 30531дона ғилофакҳои витамини А (200 ҳазора ВБ) барои кӯдакони аз 12 то 59 моҳа тақсим карда шудааст.

 Дастгирии маъюбон

Айни замон дар ноҳия 2480 нафар маъюб дар қайд буда , аз инҳо 1858  калонсолон ва 622 нафар кӯдакони то 18 — сола мебошанд. Аз инҳо 908 нафар занон ва 950 нафарро мардон ташкил медиҳанд. Аз он ҷумла, ба гуруҳи 1-ум 355 нафар, гуруҳи 2-юм 109 нафар ва гуруҳи 3-юм 494 нафар шомиланд. Айни ҳол дар ноҳия 1 нафар иштирокчии ҶБВ умр ба сар бурда, собиқадорони меҳнати ҷумҳуриявӣ 2 нафар ва иштирокчиён-маъюбони садамаи Чернобил 11 нафар мебошанд. Кормандони КАТС аз аҳволи ҳамаи маъюбон дар арафаи иду ҷашнвораҳо хабардор шуда, онҳо аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд ва бо маводи аввалияи доруворӣ таъмин мегарданд.

Қарори № 600

Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №600 кор ва фаъолият намуда, дар 6 моҳи соли 2021 ба 1745 нафар хизматрасонӣ намудааст, ки аз инҳо 1595 нафар пулакӣ буда, маблағаш 18625 сомонӣ ва ба 147 нафар ба таври ройгон хизмат расонидааст, ки маблағаш 1871 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмӣ ва доимии шаҳрвандон ба 4250 нафар, аз ҷумла ба таври пулакӣ ба 2978 нафар (маблағаш  48851 сомонӣ), ройгон ба 149 нафар (маблағаш 2738 сомонӣ) хизматрасонӣ карда шудааст.

Зимнан, зикр намудан бамаврид аст, ки ҷиҳати иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда” дар моҳи июн 436 нафар, аз ҷумла 217 нафар мард ва 219 нафар зан, дар маҷмуъ бошад, тайи шаш моҳи аввали соли равон 1305 нафар никоҳшаванда аз муоинаи тиббӣ гузаронида шудаанд, ки аз инҳо 655 нафарор мардон ва 650 нафарро занҳо ташкил медиҳанд.

Пешгирии бемориҳои сироятӣ

Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ дар ноҳия аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо қадри зарурӣ хокаи хлор, маводҳои безарагардонӣ, даспушакҳо, ниқобҳои тиббӣ ва либосҳои муҳофизатӣ дода шуд ва ба табибон, ҳамшираҳои тиб ва дигар кормандон тақсим карда шуд. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон маблағи зарурӣ барои харидорӣ маводҳои пешгирикунанда, аз бемориҳои сироятӣ ҷудо карда шуд, ки аз тарафи маъмурияти ШМКАТС харидорӣ карда шуда, ба кормандони муассисаҳо тақсим карда шудаанд. Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ аз тарафи ШМКАТС-и ноҳия таҷҳизотҳои тиббӣ ба миқдори 104 дона, аз ҷумла 32 пулсоксиметр ва 72 термоскайнер тақсим карда шуда буд.

Айни ҳол, сохтмон дар Бунгоҳи саломатии «Оби-мукӣ-1» аз ҷамоати деҳоти Обшорон, Бунгоҳи саломатии 8-Март, Маркази саломатии деҳоти Ҳамза аз деҳоти Ҳаёти Нав, Маркази саломатии деҳоти Фурқат, аз деҳоти Зармайдон бо саҳми маҳал рафта истодааст ва дар соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

Марказҳои саломатии деҳоти Меҳристон, Қуймот ва Бунгоҳи саломатии Охуҷар, аз ҷамоати деҳоти Ҳасанобод, МСД Баҳор, аз деҳоти Норин, Бунгоҳи саломатии Сарқамиш, аз деҳоти Гулсара Юсуфова, Бунгоҳи саломатии Оби мукӣ-1, аз деҳоти Обшорон барои сохтмон ва азнавсозӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бунгоҳи саломатии «Саргаҳ» аз ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ва Бунгоҳи саломатии «Оби-мукӣ-2» аз ҷамоати деҳоти Обшорон иҷоранишин буда, ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон маълумотнома пешниҳод карда шудааст.

Идомаи корҳои ободониву созандагӣ

Бо мақсади муайян намудани стратегияи рушди соҳаи тандурустӣ ва такмили муассисаҳои тиббӣ ҳалли вазифаҳои нисбатан аҳамиятноки тандурустӣ, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ ва тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ноҳия, соҳибкорон ва аҳолӣ як қатор муассисаҳои соҳавӣ сохта ва бо дастгоҳҳои муосир таҷҳизонида шуданд.

Дар идомаи татбиқи ин иқдому амалҳои созанда ва санадҳо вобаста ба иҷроиши нақша-чорабиниҳои шабакаи муассисаҳои КАТС, ҷараёни иҷроиши нақша-чорабиниҳо оиди Паёми Пешвои миллат, аз 26-уми январи соли 2021 ва банди 2-и Протоколи маҷлиси назди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.07.2018 № 10-3 “Доир ба ҷараёни Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 –уми майи соли 2018, №1059 ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар сатҳи шабакаи муассисаҳои КАТС -и ноҳияи Ёвон сохтмон ва таъмири муассисаҳои тиббӣ қисман анҷом ёфта, таъмиру тармим ва бунёди бархеи дигар айни ҳол давом дорад. Дар давоми 6 моҳи соли 2021 ҷиҳати ободонии гирду атрофи Маркази саломатии шаҳрӣ, Маркази солимии репродуктивӣ, марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатӣ ҳамарӯза корҳои ободонӣ рафта истодааст.

Тавре роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Ёвон Ашуров Муминҷон Норбоевич бо итминон иброз дошт, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар ҳудуди ноҳия новобаста ба ин дастовардҳо, дар соҳа баъзе норасоиҳо, аз қабили нарасидани мутахассисони тиббӣ оилавӣ, таъмин набудан бо компютерҳо ва таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ, таъмирталаб будани муассисаҳои профилактики деҳот, нарасидани таҷхизоти тиббии ҳозиразамон дар муассисаҳои деҳот, ҷудо намудани маблағҳои буҷавӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои харидории тестҳои оҷилӣ ба занҳои ҳомиладор ва никоҳшавандагон, ҷудо намудани замин барои сохтмони муассисахои тиббӣ низ мавҷуданд, ки ҷиҳати рафъи онҳо саъю талоши бештар мебояд. Баҳри ноил гардидан ба ин ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, тансиҳатию некуаҳволӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳем намуд.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here